Июн 25, 2024 13:48 Asia/Dushanbe
  • Ғазза ; муҳимтарин сарфасли баёнияи Иҷлоси вазирони умури хориҷаи Маҷмаъм гуфугўҳои ҳамкории Осиё
    Ғазза ; муҳимтарин сарфасли баёнияи Иҷлоси вазирони умури хориҷаи Маҷмаъм гуфугўҳои ҳамкории Осиё

Сарпарасти Вазорати умӯри хориҷаи Эрон таҳаввулоти Ғаззаро муҳимтарин сарфасли баёнияи Иҷлоси вазирони умури хориҷаи Маҷмаъи гуфтугӯҳои  ҳамкории Осиё донист.

Нӯздаҳумин нишаст вузарои умурихориҷа Маҷмаъи гуфтугӯҳои ҳамкории Осиё ( ACD ) рӯзи душанбе дар Теҳрон баргузор шуд .

Ба гузориши Ирно , « Алӣ Боқирии Канӣ » сарпарасти Вазорати умури хориҷаи Эрон дар нишасти хабарии муштарак бо «Pornchai Danvivathana » Дабирикул Маҷмаъи гуфтугӯҳои ҳамкории Осиё ки пас аз баргузории Иҷлоси вазирони умӯри хориҷаи ин Маҷмаъ дар Теҳрон баргузор шуд , гуфт , дар баёнияи Иҷлос , таҳаввулоти минтақаӣ , ҷаҳонӣ ва чолишҳои мавҷӯд ва низ дидгоҳҳои аъзои дида шуда ва муҳимтарин сарфасли он мавзӯи ҳамроҳӣ ва ҳамдилии аъзои Маҷмаъ бо мардуми борикаи  Ғазза аст ки дар шароити бисёр сахти ношӣ аз ҳамалоти режими саҳюнистӣ қарор доранд .