Июн 24, 2024 17:54 Asia/Dushanbe
  • Иди саиди Ғадири хум муборак бод
    Иди саиди Ғадири хум муборак бод

Сешанбе, 18 зилҳҷҷаи соли 1445 ҳиҷрии қамарӣ мусодиф бо 24 июни 2024 рузи иди саиди Ғадири хум, иди бузург мусулмонон аст.

Ғадири хум номи минтақаи байни Макка ва Мадина аст ки ҳазрати Муҳамад(с) Ппаёмбари гиромии Ислом дар ҳаҷатулвидо, ҳазрати имом Алӣ(а) имоми аввали шиъёни ҷаҳонро "валии" пас аз худ эълом карданд. Паёмбари гиромии Ислом(с) дар бозгашт аз охирин ҳаҷҷи худ ҳамаи мусулмононе ки дар ҳаҷ ширкат доштанд дар минтақаи Ғадири хум ҷамъ ва дар ин макон, ҳазрати имоми Алӣ(а)ро ба унвони васӣ ва бародар ва ҷонишини худ аз ҷониби Худованди Мутаъол муаррифи карданд. Паёмбари гиромии Ислом(с) дар хутбаи муҳими Ғадир хам фармуданд: Ҳар он кас ки ман мавлоӣ у ҳастам, пас аз ман Алӣ мавлоӣ уст.

Иди саиди Ғадири хумро ки дар ривоёти исломӣ ба иди Алоҳу акбар бузургтарин ид таъбир шуда аст, метавон ба бузургтарин иди ҳамаи адёни илоҳӣ таъбир кард, чаро ки ҳосили заҳамоти ҳамаи фиристодагони Илоҳӣ, дар ин руз ба натиҷа расида аст. Мардуми муъмин ва худоҷуи Эрони исломӣ дар руз иди саиди Ғадири хум илова бар ҳузур дар амокини мазҳабӣ ва баргузарии ҷашнҳои мухталиф ба дидори содот мераванд.

Радиои тоҷикии Садои Хуросон, фарорсидани иди саиди Ғадири хумро ба ҳамаи мусулмонон ва озодихоҳони ҷаҳон табрик мегуяд.