Июн 27, 2024 13:52 Asia/Dushanbe
  • Рӯзи ҷумъа баргузории интихоботи раёсати Ҷумҳурии Исломии Эрон
    Рӯзи ҷумъа баргузории интихоботи раёсати Ҷумҳурии Исломии Эрон

Чаҳордаҳумин давраи интихоботи раёсати Ҷумҳурии Эрон фардо ҷумъа ( 28 июн ) барои таъини нуҳумин раиси Ҷумҳурӣ баргузор мешавад .

« Муҳсени Исломӣ » Дабир ва сухангӯии ситоди интихоботии Эрон гуфт : Дар кули кишвари 58 ҳазору 640 шуъбаи ахази рай пешбинӣ шуда ки аз ин теъдоди 24 ҳазору 522 шуъбаи шаҳрӣ ва 24 ҳазору 118 шуъбаи ахзи райи рустоӣ аст . Вай афзӯд : Ҳамчунин 43 ҳазору 425 шуъбаи ахази райи собит ва 15 ҳазору 215 шуъбаи сайёри пешбинӣ шудааст.

Сухангӯи ситоди интихоботи кишвар бо баёни инки интихоботи раёсати Ҷумҳурӣ дар хориҷ аз Эрон низ баргузор мешавад , гуфт : Барасоси эъломи Вазорати хориҷа 340 шуъбаи ахази рай дар 100 кишвар барои эрониёни хориҷ аз кишвар фароҳам шудааст.

Ситоди интихоботи Эрон низ бо интишори иттилоъияи шумораи 7 эълом кард : Оқои Сайид Амирҳусайни Қозизодаи Ҳошимӣ номзади интихоботи раёсати Ҷумҳурӣ инсирофи худро ба Вазорати кишвар эълом намудааст .

Ҳамчунин Алиризои Зоконӣ , номзади интихоботи раёсати Ҷумҳурӣ аз рақобат дар интихобот ба нафъи иҷмоъ дар ҷабҳаи инқилоб инсироф дод .

Ба гузориши гурӯҳи иҷтимои хабаргузории Тасним , Алиризои Зоконӣ номзади интихоботи раёсати Ҷумҳурӣ бо интишори матни кӯтоҳе дар шабакаи Экс эълом кард : То поёни замони қонунии рақобат мондам аммо тадовуми роҳи шаҳид Раисӣ муҳимтар аст.

Замони интихоботи чаҳордаҳумин давраи интихоботи раёсати Ҷумҳурӣ 8 субҳи имрӯз ба поён расид .

Барчасп