Июн 28, 2024 10:24 Asia/Dushanbe
  • Имрӯз, 28 -уми июн интихоботи президентии Эрон аст
    Имрӯз, 28 -уми июн интихоботи президентии Эрон аст

Фароянди раъйгирии интихоботи чаҳордаҳумин давраи раёсати ҷумҳурии Эрон оғоз шуд.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, бино бар эъломи Ситоди интихоботи вазорати кишвари Эрон, фароянди раъйгирӣ аз раъйдиҳандагони интихоботи чаҳордаҳумин давраи раёсати ҷумҳурӣ аз соати 8 субҳи имрӯз - ҷумъа дар шуъбаҳои ахзи раъйи саросари кишвар оғоз шуд.

 

Дар ҳамин росто, Ҳодии Таҳонназиф, сухангӯи Шӯрои нигаҳбони қонуни асосии Эрон, муддати замони қонунии баргузории интихоботи раёсати Ҷумҳурии исломии Эрон 10 соат аст ва бар асоси қонун ин замон қобилияти тамдид дорад ва ҳеҷ тафовуте дар ин замон дар дохилу хориҷ вуҷуд надорад.

Сухангӯи Шӯрои нигаҳбони қонуни асосии Эрон афзуд, чаҳордаҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон дар 59 ҳазор шуъбаи дохил ва 95 кишвари ҷаҳон баргузор хоҳад шуд.

Ба иттилои эрониёни гиромии муқими Тоҷикистон мерасонад, имрӯз - ҷумъаи ҳаштуми тирмоҳи 1403, баробар бо 28 июни 2024 мелодӣ, чаҳордаҳумин интихоботи раёсати ҷумҳурӣ аз соати ҳашти субҳ дар маҳалли Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар шаҳри Душанбе оғоз хоҳад шуд.

Ҳамаи касоне, ки соҳиби ҳаққи раъй ҳастанд, метавонанд бо ироаи шиносномаву корти миллӣ ё гузарномаи худ дар ин интихобот ширкат намоянд.

Чаҳордаҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон имрӯз (ҷумъа/ 28 июн) барои таъйини нуҳумин раиси ҷумҳурӣ дар ҳоли баргузорӣ аст.

 

Барчасп