Эрдуғон: Амрико хиҷолат намекашад?
Раисиҷумҳури Туркия ба мавзеи вазорати хориҷаи Амрико дар бораи Туркия ва ҳамчунин изҳороти ахири ҳамтои фаронсавии худ вокуниши тунде нишони дод.
Ба гузориши шабакаи “Т.Р.Т”-и Туркия, Раҷаб Тайиб Эрдуғон рӯзи 5 феврал пас аз намози ҷумъа ба изҳори назари вазорати хориҷаи Амрико ва изҳороти ахири Эммануэл Макрон, раисиҷумҳури Фаронса дар бораи Туркияи вокуниш нишон дод.
Ned Price, сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико бомдоди ҷумъа бо радди иддаои дахолати Вашингтон дар кудатои нофарҷоми панҷ соли пеши Туркия гуфт: «ин гуна изҳорот ба робитаҳои ду ҷониба садама мезанад.»
Раисиҷумҳури Туркия нахуст ба мавозеъи вазорати хориҷаи Амрико вокуниш нишон дод ва бо ёдоварии қатли як шаҳрванди сиёҳпӯст ба дасти полиси Амрико гуфт: «оё аз ҳаводисе, ки дар Амрико рух дод хиҷолат намекашед?! Чигуна заминаи нажодпарастӣ бино ниҳода шуда? Чигуна метавонед ба дунё фишор додани гулӯи як шаҳрванди сиёҳпӯст ва кушта шудани ӯ ба дасти полисро тавзеҳ диҳед?!»
Эрдуғон дар идома ба дархости ахири ҳамтои фаронсавии худ дар бораи хориҷ кардани нерӯҳои Туркия аз хоки Либия вокуниш нишон дод ва изҳор дошт: «Макрон аввал бояд мушкили ҷалиқазардҳоро ҳал кунад.»
Изҳороти Эрдуғон дар ҳоле аст, ки Мавлуд Човуш Ӯғлу, вазири хориҷаи Туркия ахиран дар посух ба саволи як хабарнигор дар бораи гуфтугӯи телефонии Макрон ва Эрдуғон, онро «бисёр самарбахш» хонда буд.
БЕШТАР БИХОНЕД: