Вокунишҳо ба сиёсати эъломии давлати нави Амрико дар бораи Яман
(last modified Sun, 07 Feb 2021 10:08:35 GMT )
Феврал 07, 2021 15:08 Asia/Dushanbe
  • Кумитаи олии инқилоби Яман: Мунтазири таваққуфи ҷанг ва поёни муҳосира ҳастем
    Кумитаи олии инқилоби Яман: Мунтазири таваққуфи ҷанг ва поёни муҳосира ҳастем

Давлати Ҷо Байден, раиси ҷумҳурии Амрико тасмимоте дар хусуси ҷанги Яман гирифт, ки вокуниши бозигарони даргир дар ин ҷангро дар пай доштааст.

Давлати Байден дар яке аз нахустин иқдомҳои худ дар сиёсати хориҷӣ, таҳрими “Ансоруллоҳ”-ро ба муддати як моҳ ба таъхир андохт. Ҳамчунин рӯзномаи амрикоии “Вашингтон пост” ба нақл аз як мақоми масъул дар Вазорати хориҷаи Амрико хабар дод, давлати Ҷо Байден ба Конгресси Амрико итилоъ додааст, ки ҷумбиши “Ансоруллоҳ”-и Яманро аз листи созмонҳои террористӣ ҳазф мекунад.

Крис Мурфи, сенатори демократ бо истиқбол аз ин тасмим гуфт: Тасмими Байден барои ҳазфи номи ҷумбиши “Ансоруллоҳ” аз листи созмонҳои террористӣ гоми хубе аст. Ҳамчунин пеш аз ин Ҷон Кёрби, сухангӯи Пентагон низ эълом кард, ки Амрико кумак ба Риёзро дар ҷанги Яман мутаваққиф кардааст.

Ба назар мерасад, ин тасмимҳои давлати Байден беш аз он ки роҳбурдӣ бошад, тактика аст. Тактикаи давлати Байден ин аст, ки бо ин иқдомҳо зимни эътимодсозӣ бо “Ансоруллоҳ” маҷрое барои иртибот бо ин ҷумбиши яманӣ, ки созмонёфтатарин гурӯҳи сиёсии кунунӣ дар Яман аст, эҷод кунад. Ҳатто агар ин тасмимҳо як тактика бошад, низ иқдоми мусбате аст. Зеро ба манзалаи ин аст, ки давлати нави Амрико “Ансоруллоҳ”-ро ба унвони як бозигари таъсиргузор дар Яман ба расмият шинохтааст.

Мавзӯи дигар, вокуниши  “Ансоруллоҳ”-и Яман ба ин тасмимҳои давлати Байден аст. “Ансоруллоҳ” зимни ин ки аз ин тасмимҳо истиқбол карда, хостори табдили сиёсати “эъломӣ” ба сиёсати « эъмолӣ” аст. Ба иборати ‌дигар, аз он ҷое ки давлати Амрико дар 6 соли гузашта ҳомии Арабистони Саудӣ дар ҷанг алайҳи Яман буда, “Ансоруллоҳ” акнун ба Амрико эътимод надорад ва хостори ин аст, ки давлати Байден Арабистонро барои поён додан ба ҷангу муҳосираи Яман таҳти фишор қарор диҳад.

 Дар ҳамин росто, Маҳаммадалӣ Ал-Ҳуси, раиси Кумитаи олии инқилоби Яман гуфт: “Мо феълан мавзеи Байденро дар ҳадди ҳарф медонем ва мунтазири таваққуфи ҷанг ва поёни муҳосира ҳастем. Интизор ин аст, ки Вашингтон пеши роҳи ҳамалоти саудӣ ва иморотӣ ба унвони кишварҳои тобеи Амрикоро бигирад”.

Ин вокуниши “Ансоруллоҳ” зимни ин ки нишонаи беэътимодӣ ба Амрико аст, ношӣ аз идомаи ҳамалоти Арабистони Саудӣ алайҳи Яман ва идомаи фоҷеаҳои саудиҳо дар ин кишвар аст.

Дар ҳоле ‌ки Арабистони Саудӣ дар қиболи тасмимҳои давлати Байден сукут пеша кардааст, Иморот иддао кард, дар якуним соли ахир дар ҷанги Яман ҳузур надоштааст. Анвар Қарқош, вазири мушовири давлат дар умури хориҷаи Иморот пас аз эъломи давлати Амрико дар хусуси таваққуфи ҳимоят аз эътилофи Саудӣ дар ҷанги Яман, дар паёме твиттерӣ навишт: “Иморот аз октябри 2020 ҳузури низомии худ дар Яманро поён додааст”.

Ин иддаои Қарқош баёнгари даступочагӣ ва сардаргумии Абӯзабӣ аз сиёсати эҳтимолии давлати Байден барои ҳимоят накардан аз эътилофи Саудӣ дар ҷанг алайҳи Яманаст. Муовини вазири итилоърасонии давлати мустаъфии Яман дар вокуниш ба иддаои Қарқош навишт: “Ҷаҳон ба лутфи расонаҳо монанди як рустои хурде шудааст ва ҳамагон медонанд, ки шумо ҳамчунон дар Яман ҳастед”.

Нуктаи поёнӣ ин ки сиёсатҳои эҳтимолии давлати нави Амрико дар шароите гирифта мешавад, ки “Ансоруллоҳ”-и Яман акнун дасти бартарро дар ҷанг бо эътилофи Саудӣ дорад. Аз рӯҳияи қавӣ ва низомӣ бархӯрдор аст ва ҳатто дар остонаи тасаллут бар вилояти роҳбурдии Маъриб қарор дорад. Ҳаракат дар ҷиҳати поён додан ба ҷанги Яман метавонад зимни ин ки аз идомаи ҷинояти саудӣ алайҳи Яман ҷилавгирӣ кунад, Арабистонро низ аз ботлоқи Яман наҷот диҳад.

 

Бештар бихонед: