Феврал 09, 2021 10:00 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори артиши Мянмар ба муътаризони кудато

Артиши Мянмар ба тазоҳуркунандагони ин кишвар дар сурати идомаи тазоҳурот ҳушдор дод.

Артиши Мянмар аввали феврал дар эътироз ба ончӣ тақаллуб дар интихоботи порлумонӣ номид, алайҳи Ҳизби ҳокими иттиҳоди миллии демократӣ ба раёсати Аун Сан Су Чжи кудато кард.

Нерӯҳои артиши Мянмар Win Myint, раисиҷумҳур, Aung San Suu Kyi ва чанд тани дигар аз мақомоти ин кишварро боздошт карданд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва  симо, бо ҳушдори низомиёни ҳоким бар Мянмар ба тазоҳуркунандагон, авзоъ дар ин кишвар рӯ ба вахомати бештаре меравад.

Низомиёни артиши Мянмар дирӯз душанбе аз тариқи телевизиюн ба тазоҳуркунандагон ҳушдор доданд ва аз онон хостанд, ки хиёбонҳоро тарк кунанд.

Рӯзи душанбе ҳазорон нафар аз мардуми Мянмар барои сеюмин рӯзи паёпай дар эътироз ба кадатои низомӣ дар ин кишвар ба хиёбонҳо омаданд ва зимни радди кудато бар озодии боздошт шудагон таъкид карданд.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

Барчасп