Феврал 10, 2021 22:25 Asia/Dushanbe
  • Ҷанги лафзии Эрдуғон ва Макрон ҳамчунон идома дорад
    Ҷанги лафзии Эрдуғон ва Макрон ҳамчунон идома дорад

Раиси ҷумҳурии Туркия дар посух ба суханони раиси ҷумҳурии Фаронса, ки хоста буд нерӯҳои турк аз Либия хориҷ шаванд, барои ин кор шарт таъйин кард.

Ба гузориши хабаргузории “Русия Алявм”, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳурии Туркия сешанбешаб гуфт: “Нерӯҳои низомии турк ба дархости давлати Вифоқи миллии Либия ва бар асоси тавофуқи ҳамкории низомии ду кишвар дар Либия ҳузур доранд”.

Эрдуғон бо интиқод аз Эммануэл Макрон, ҳамтои фаронсавии худ гуфт: “Ӯ (Макрон) мегӯяд, ки бояд нерӯҳоятонро аз Либия хориҷ кунед. Ба ӯ мегӯем: аввал ту нерӯҳоятро аз Мали ва Чад хориҷ кун!”.

Дар моҳҳои ахир таниш миёни Туркия ва Фаронса дар масоили мухталифи сиёсӣ ва иқтисодӣ боло гирифта ва Эрдуғон ва Макрон ба ҷанги лафзӣ бо якдигар рӯ овардаанд.

 

Бештар бихонед: