Ҳисоби Твиттерии Трамп барои ҳамеша баста шуд
Яке аз мақомҳои аршади ширкати Твиттер эълом кард, ки ҳисоби корбарии раисҷумҳури собиқи Амрико дар ин шабакаи иҷтимоӣ барои ҳамеша баста шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Нед Сегал Ned Segal мудири аршади молии ширкати Твиттер дар гуфтугӯ бо шабакаи CNBC ва дар посух ба ин пурсиш, ки оё ҳисоби корбарии Трамп дар Твиттер бо бозгашти вай ба арсаи сиёсат боз мешавад ё на, гуфт: «Сиёсати кории мо ин гуна аст: Ҳангоме, ки аз ин шабакаи иҷтимоӣ ҳазф мешавад, воқеан ҳазф шудаед чӣ гузоришгар бошед, чӣ мудири молӣ ё мақоми давлатии собиқ ё феълӣ.»
Сегал афзуд: «Агар фарде дигаронро ба хушунат таҳрик кунад мо маҷбур хоҳем буд ӯро аз ин шабака ҳазф кунем ва сиёсатҳои мо ба ин афрод иҷоза намедиҳад, ки бозгарданд, »
Шабакаи иҷтимоии Твиттер 9 январи 2021, ба ин далел, ки твиттиҳои Трамп хушунатро дар Амрико таблиғ мекунанд, ҳисоб ӯро дар фосилаи ҳудуди 10 рӯз ба поёни давраи раёсаташ, барои ҳамешаи таълиқ ( suspend ) кард.
Рӯзи шашуми январ ҳамзамон бо баргузории ҷаласаи муштараки Конгресси Амрико барои таъиди ниҳоии пирӯзии Ҷӯ Байден дар интихоботи раёсати ҷумҳурии иддае аз ҳаводорони Трамп, ки назди бинои Конгресс таҷаммӯъ карда буданд, ба дохили он юриш бурданд ва хисоратҳои фаровоне ворид карданд.
Ҳисоби Твиттери Трампро беш аз 88 миллиону 700 ҳазор нафар аз сар то сари ҷаҳон дунбол мекарданд ва ин шабакаи иҷтимоӣ яке аз муҳимтарин абзорҳои вай барои фиристодани паём ба мухотабонаш буд .