Раскин: Трамп дар додгоҳи афкори умум гунаҳгор дониста шуд
(last modified Mon, 15 Feb 2021 09:32:33 GMT )
Феврал 15, 2021 14:32 Asia/Dushanbe
  • Трамп дар афкори умум гунаҳгор аст
    Трамп дар афкори умум гунаҳгор аст

Раҳбари гурӯҳи истизоҳкунандагон ( импичменти)-и Трамп Ҷумҳурихоҳонро барои кӯшиши сафед кардани Трамп аз ташвиқи ҷонибдоронаш ба ҳамла ба Конгресс интиқод кард.

Ба гузориши шабакаи " Эн Би Си Нюз ", " Ҷиммӣ Раскин, раҳбари гурӯҳи импичментии Доналд Трамп, шоми якшанбеи 14-уми феврал ҷумҳурихоҳонро барои кӯшиши сафед кардани ӯ аз ташвиқи шӯришиён ба ҳамла ба бинои конгресси 6 январ танқид кард ва гуфт: Бо  вуҷуди ин Трамп дар додгоҳи торих ва афкори умумӣ муҷрим шинохта мешавад. 

Раскин додгоҳи истизоҳро як муваффақияти чашмгир аз назари торихӣ хонд ва хотирнишон кард, ки ин додгоҳ дороии бештарини раъйи маҳкумияти истизоҳ аз ҳар ду ҳизб дар торихи Амрико аст . 

Раҳбари тими истизоҳкунандагон таъкид кард, ки Трамп ба вузӯҳи як мушкили муҳими сиёсӣ барои ҳизби ҷумҳурихоҳ аст ва то замоне, ки бо демократияи қонуни асосии Амрико муқобила кунад, як мушкили бузург барои ҳамаи мо маҳсуб мешавад. 

Тарҳи истизоҳи " Доналд Трамп " раисҷумҳури собиқи Амрико ба иттиҳоми "таҳрик ба шӯриш " дар шашуми январ, бо касби камтар аз ду сеюми раъйи намояндагони маҷлиси сенати Амрико шикаст хурд. 

Раиси ҷумҳурии собиқи Амрико танҳо раисҷумҳурест, ки дар муддати яксол, ду бор истизоҳ ва пас аз итмоми давра, парвандаи вай дар додгоҳи сенат матраҳ шуд.

Доналд Трамп "ба тахаллуфот ва ҷароими вазнини мабнӣ бар ташвиқи ҳаводорони худ барои ҳамла ба сохтмони конгресси Амрико дар рӯзи чаҳоршанбе шашуми январ муттаҳам шудааст.

 

Бештар бихонед: