Суқути як автобус дар канали Ҳинд; 39 нафар кушта шуданд
Феврал 17, 2021 10:02 Asia/Dushanbe
Бар асари сарозер шудани автобус дар иёлоти Мадҳя-Прадеши Ҳиндустон дастикам 39 нафар кушта шуданд.
Ба гузориши хабаргузории садо ва симо, дар садамаи рӯзи сешанбе рухдода чанд нафар маҷрӯҳ ва чанд нафар ғайб заданд.
Тафтишоти пешакӣ нишон медиҳанд, ки автобус, ки зиёда аз 50 мусофир дошт, пас аз бархӯрд бо пул ва ногаҳон тағир ёфтани самт ба канали об афтод.
Ҳар рӯз дар Ҳиндустон ҳадди аққал 400 нафар дар садамаҳои нақлиётӣ ҷон медиҳанд.
Аксари садамаҳои нақлиётӣ дар Ҳиндустон аз сабаби серобӣ, шароити бади роҳ ва беэҳтиётона рондани мошинҳо рух медиҳанд.
Бештар бихонед:
Барчасп