Феврал 17, 2021 17:58 Asia/Dushanbe
  • Ҷасинда Арден, нахуствазири Зеландияи Нав
    Ҷасинда Арден, нахуствазири Зеландияи Нав

Нахуствазири Зеландияи Нав аз поёни ҳузури низомии ин кишвар дар Афғонистон дар моҳи майи оянда хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, Ҷасинда Арден, нахуствазири Зеландияи Нав гуфт: “фароянди сулҳи Давҳа, фурсате барои дастёбӣ ба роҳи ҳалли доимии сиёсӣ барои даргириҳо дар Афғонистон аст”.

Вай изофа кард, нерӯҳои низомии Зеландияи Нав пас аз 20 соли ҳузур дар Афғонистон дар моҳи майи оянда хоки ин кишварро тарк мекунанд то ба "тӯлонитарин ҳузури низомии худ дар хориҷ аз Зеландияи Нав" поён диҳанд.

Зеландияи Наваз замони юриши Амрико ба Афғонистон дар соли 2001 беш аз 3 ҳазору 500 нерӯи низомии худро дар ин кишвар мустақар кардааст.

Бо ин вуҷӯд шумори нерӯҳои Зеландияи Нав дар Афғонистон дар солҳои ахири пайваста коҳиш ёфта ва ҳаминак фақат шаш мусташори низомии Зеландияи Нав дар Академияи афсарони низомии миллии Афғонистон ва Маркази фармондиҳии амалиёти пуштибонии НАТО ҳузур доранд.

Дар даврони ҳузури нерӯҳои Зеландияи Нав дар Афғонистон 10 низомии онҳо кушта шуданд.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

Барчасп