Феврал 18, 2021 22:41 Asia/Dushanbe
  • Дастгирии аъзои Ҳизб-ут-Таҳрир дар 10 минтақаи Русия

Созмони амнияти федероли Русия аз дастгирии шуморе аз аъзои гурӯҳи ифротии Ҳизб-ут-Таҳрир дар 10 минтақаи ин кишвар хабар дод.  

Ба гузориши ИРНА, равобит умумии Созмони амнияти федероли Русия рӯзи панҷшанбе эълом кард, ки ин созмон бо ҳамкории Горди миллӣува Вазорати кишвари Русия дар чорчӯби амалиёти вижа дар манотиқи Қрим, шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Приморье, Краснодар, Ерлов, Калуга, Иванова ва ҷумҳуриҳои Бошқирдистон ва Доғистон шуморе аз аъзои ин гурӯҳро дастгир кардааст.

Аз ин афрод нашриёту китобҳои ифротгароён, васоили мухобиротӣ ва теъдоде аз ҳомилҳои электронӣ ва иттилоотӣ монанди флеш карт бадаст омад.

Рӯзи гузашта низ Созмони амнияти федероли Русия эълом кард, ки 19 узви гурӯҳи Салафии ифротгаро дар чанд минтақаи Қафқози шимолии Русия дастгир кардааст.

Аксари кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Қафқоз аз соли 2003 токунӯн аз Ҳизб-ут-Таҳрир ба унвони як созмони террористӣ дар кишварашон ёд мекунанд ва бар ҳамин асос фаъолияти онро ғайриқонӯнӣ медонанд.

Таҳлилгарон муътақиданд, ки афроди ин гурӯҳ ба дастури бархе авомили хориҷӣ дар минтақа фаъолиятҳои ғайриқонунӣ мекунанд ва ба дунболи эҷоди як хилофати мазҳабӣ ва сарнагӯнии ҳукӯматҳои марказӣ бо истифода аз шеваҳои террористӣ ҳастанд.

 

Барчасп