Иқдомоти дугонаи Амрико дар бораи Барҷом ва Эрон
Бо наздик шудани замони иҷрои таҳдиди Эрон дар бораи поёни иҷроии довталабонаи протоколи илҳоқӣ ё иловагӣ, Вашингтон водор ба иқдомоти дугонае шудааст. Дар ин росто давлати Байден рӯзи панҷи шанбе 18 феврал бархе гомҳои намодинро барои ба истилоҳ намоиши ҳусни нияти худ сурат дод.
Ричард Майлс-намояндаи муваққати Амрико дар Созмони милали таии номае ба Шӯрои амният авзеи иддаоии давлати Трамп дар бораи фаъол шудани механизми мавсум ба механизми моша ва эҳёи худкори тамомии таҳримҳои байналмиллалӣ алайҳи Эронро пас гирифт. Дар иқдоми дигаре Амрико бо иддаои талош барои костан аз танишҳо эълом кард, ки маҳдудиятҳои сахте ки Доналд Трамп-раиси ҷумҳӯри пешини Амрико алайҳи тараддуди дипломатҳои Эрон дар шаҳри Нию-Йорк,мақари Созмони Миллали Муттаҳид вазъ карда буд, коҳиш медиҳад . Дар канори инҳо як мақоми аршади Амрико гуфт, ки агар Иттиҳодияи Аврупо аз Амрико даъват кунад, Амрико омодаи гуфтугӯ бо Эрон хоҳад буд . Пештар як мақоми аршади Иттиҳодияи Аврупо гуфта буд омодаи баргузории чунин нишасте миёни тарафҳои Барҷом аст, ки шомили Британия,Чин,Фаронса, Олмон,Русия ва Амрико аст .
Дар канори ин гомҳои ба зоҳир мусбат, аммо Вашингтон ҳамчунон рӯйкарди фишору таҳдидро низ дар қиболи Эрон дунбол мекунад. Дар ин росто вазирони хориҷаи Амрико ва сегонаи аврупоӣ ( Олмон,Фаронса ва Британия ) панҷшанбешаб пас аз як дидори маҷозӣ дар баёнияи муштараке зимни ибрози нигарони аз иқдомоти қонунии Эрон баъд аз нақзи якҷонибаи Барҷом тавассути Амрико ва бидуни ишора ба бадаҳдиҳои кишварҳояшон дар қиболи Барҷом, аз Эрон хостанд то аз бардоштани гомҳои бештар, ба вижа дар хусуси «таваққуфи иҷрои протоколи илҳоқӣ ва маҳдуд кардани бозрасиҳои ожонс дар Эрон» худдорӣ кунад. Онҳо ҳушдор доданд ки эҷоди ҳаргунаи маҳдудият барои боздиди бозрасони Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ аз таъсисоти ҳастаии Эрон « хатарнок» хоҳад буд.
Ҷо Байден -раиси ҷумҳӯри Амрико ваъда дода буд, ки дар сурати роҳёбӣ ба Кохи сафед бори дигар ба тавофуқи ҳастаии Барҷом боз хоҳад гашт.Бо ин ҳол пас аз ҳудуди як моҳ аз ташкили давлати вай,Амрико иқдоми мушаххасе дар ин замина барнадоштааст .
Ҷозеф Сиринсион- коршиноси сиёсии Амрико бо таъкид бар инки Байден то кунун ба корзори нофарҷоми фишори ҳаддиаксарии Трамп алайҳи Эрон идома додааст, гуфт: Байден то масири худро ислоҳ накунад, хатар аз даст рафтани тавофуқи ҳаётии ҳастаӣ вуҷуд дорад .
Акнун бо наздик шудани мавъиди иҷрои таҳдиди Эрон дар бораи « таваққуфи иҷрои протоколи илҳоқӣ ва маҳдуд кардани бозрасиҳои ожонс дар Эрон», ки қарор аст дар 23 феврал иҷроӣ шавад, ғарбиҳо ба вижа Амрико ба дасту по афтода ва талош мекунанд то бо додани бархе имтиёзоти ба пиндори худ азми Эрон барои амалӣ кардани иқдомоти вокунишии худро суст кунанд. Дар ҳоле ки иқдомоти рӯзи 18 феврали давлати Байден асосан ба далели шикасти сиёсати фишори ҳаддиаксарии Амрико алайҳи Эрон ва муқовимати ҳаддиаксарии миллати Эрон сурат гирифтааст. Умеди Амрико ва шарикони аврупоиаш, ки акнун дар ҷабҳаи воҳиде дар баробари Эрон амал мекунанд.Ин аст ки бидуни амалӣ кардани хостаи усулии Эрон, яъне лағви комили ҳамаи таҳримҳои Амрико, ростиозмоии он ва сипас бозгашт ба иҷроии таъаҳҳудоти барҷомӣ, Теҳронро водор ба канор гузоштани иқдомоти мутақобил кунанд. Бо ин ҳол мавзеи Теҳрон собиту тағйирнопазираст .
Ҳазрати оятуаллоҳ Хоманаӣ- раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ ахиран фармуданд: Эрон ҳангоме ба таъаҳҳудоти барҷомии худ бозхоҳад гашт ки Амрико ҳамаи таҳримҳоро дар амал ва на дар ҳарф ё бар рӯйи коғаз, лағв кунад ва ин лағви таҳримҳо мавриди ростиозмоии Эрон қарор гирад .Ин сиёсати қатъӣ ва ғайриқобилибаргашти Ҷумҳурии исломӣ ва мавриди иттифоқи ҳама масъулон аст ва ҳеч кас аз он гузар нахоҳад кард .
Ҳарчанд Амрико бар ин гумонаст, ки бо додани бархе имтиёзоти ҷузӣ Эрон аз сиёсати усулии барҷомии худ гузар хоҳад кард. Бо ин ҳол таҷрибаи чанд моҳи гузашта пас аз тасвиби қонӯни " Иқдоми роҳбурдӣ барои лағви таҳримҳо ва сиёнат аз ҳуқуқи миллати Эрон " бояд ба ғарбиҳо нишон дода бошад, ки Теҳрон ҳеч гуна ақибнишинӣ аз хостаҳои усулӣ ва иқдомоти мутақобили худ сурат нахоҳад дод .
Бештар бихонед :