Тавофуқи Ҳиндустону Покистон бар сари оташбас дар минтақаи Кашмир
(last modified Sat, 27 Feb 2021 06:04:28 GMT )
Феврал 27, 2021 11:04 Asia/Dushanbe
  • Поёни ду даҳа муноқиша бар сари Кашмир
    Поёни ду даҳа муноқиша бар сари Кашмир

Ҳиндустону Покистон барои аввалин бор баъд аз ду даҳа бар сари оташбас дар минтақаи мавриди муноқишаи Кашмир ба тавофуқ расиданд .

  Дар баёнияи муштараки нерӯҳои ҳинду покистонӣ омадааст:Мақомоти баландпояи низомии ду кишвар пас аз баррасии авзоъ дар хати ҳоили Кашмир ва ҳамчунин дар ҳамаи бахшҳои дигар ба барқарории оташбас розӣ шуданд.

 Дар ин баёния омадааст : «Ду тараф бар сари илтизоми амалӣ ба ҳамаи тавофуқҳо ва тафоҳумҳову оташбас дар хати ҳоили Кашмир тавофуқ кардаанд. Мақомоти низомии Ҳинду Покистон ҳамчунин масоилу нигарониҳои аслии ду тарафро, ки боиси ихлол дар сулҳ шуда ва ба иқдомоти хушунатомез доман мезанад, баррасӣ карданд » .

 Тарафҳо тавофуқ карданд, ки ба манзури дастёбӣ ба сулҳи пойдор нигарониҳои якдигарро, ки мунҷар ба барҳам задани сулҳ ва мунҷар ба хушунат мешавад бартараф кунанд .

  Тавофуқи мақомоти аршади низомии Ҳинду Покистон барои барқарории оташбас дар хати ҳоили Кашмир метавонад гоме дар масири танишзудоӣ аз равобити пуртаниши ду кишвар бошад, ки дар чанд даҳаи гузашта ҳамвора аслитарин омили муноқиша дар муносиботи ин ду кишвари ҳамсоя будааст .

  Моликият бар минтақаи Кашмир  мавзӯи ихтилофи Ҳинду Покистон аст.

    Ҳинду Покистон чанд даҳа аст, ки бар сари моликияти минтақаи Кашмир ихтилоф доранд ва ҳассосиятҳои сиёсии ду тараф дар ин хусус муҷиб шуда, то онон барои тасоҳуби ин минтақа ба зӯр рӯй оваранд.

  Деҳлии нав ва Исломобод то кунун ду бор бар сари минтақаи Кашмир вориди ҷанги тамомайёр шудаанд, ки албата таъсире дар вазъияти Кашмир надоштааст .

  Бо вуҷуди онки Созмони Миллал қатъномае дар хусуси ирҷоъ ба ҳамапурсӣ дар Кашмир барои таъини сарнавишти сокинони ин минтақа содир кардааст, аммо давлати Ҳинд бо баргузории ҳамапурсӣ мухолиф аст ва вуруди ниҳодҳои минтақаӣ ва байналмиллалӣ ва дигар кишварҳо ба ин масаъларо дахолат дар умури дохилии худ медонад

  Давлати Ҳинд дар августи соли 2019 бо лағви худмухтории Кашмир нуқтаи сарнавиштсозе дар раванди поймолсозии ҳуқуқи мардуми мусулмони ин минтақа эҷод кард, ки ин масъала бо вокунишҳои бархе аз кишварҳо ба хусус  Покистон мувоҷеҳ шуд .

  Бо гузашти наздик ба ду сол аз таниши тозаи Ҳинду Покистони пас аз лағви худмухтории Кашмир, тавофуқи мақомоти аршади низомии ин ду кишвар бар сари барқарории оташбас ва таъаҳҳуд ба тадовуми он метавонад нишонае аз иродаи онон барои костан аз танишҳои физоянда дар равобити дуҷониба бошад . Ба вижаи онки дар соли гузаштаи ҳамзамон бо истиқрори сомонаи мушакӣ тавассути артиши Ҳинд дар хати ҳоили Кашмир мутақобилан артиши Покистон низ ба тақвияти ороиши низомии худ дар ин минтақа пардохт, ки ин иқдомот бар нигарониҳои мардуми ду кишвар дар бораи эҳтимоли вуруди онон ба мунозиъаи фарогири мусаллаҳона афзуд .

  Тавофуқи мақомоти аршади низомии Ҳинду Покистон барои барқарории оташбас талош барои эътимодсозии мутақобил барои ҷилавгирӣ аз ташдиди таниш дар муносиботи ду кишвар ин умедро зинда кардааст, ки Деҳлии нав ва Исломобод ин тавофуқро заминае барои ҳали ихтилофоту фароҳам кардани муқаддамоти гуфтугуҳо қарор диҳанд, ки ононро дар масири бозгашт ба ҳамзистии мусолиматомез ва оддисозии равобит кумак кунад.

 

  Бештар бихонед: