Мақоми ҷумҳурии худхондаи Қарабоғ иддаои истиқлол кард
(last modified Tue, 02 Mar 2021 05:29:57 GMT )
Март 02, 2021 10:29 Asia/Dushanbe
  • Ҷумҳурии худхондаи Қарабоғ ҳаргиз наметавонад бахше аз ҷумҳурии Озарбойҷон бошад
    Ҷумҳурии худхондаи Қарабоғ ҳаргиз наметавонад бахше аз ҷумҳурии Озарбойҷон бошад

Дар ҳоле, ки пеш аз ин раисиҷумҳурии Озарбойҷон эълом карда буд, ки парвандаи ҷумҳурии худхонда баста шудааст, вазири умури хориҷаи ҷумҳурии худхондаи Қарабоғ, истиқлоли ин минтақаро мавзеи қатъӣ ва тамом шуда донист.

Ба гузориши Арман радио, Довит Бобоён, вазири умури хориҷаи ҷумҳурии худхондаи Қарабоғ хитоб ба Илҳом Алиев, раисиҷумҳури Озарбойҷон гуфт: Боку бояд аз дархости сарзаминҳои таҳти кантроли ҷумҳурии худхондаи Қарабоғ парҳез кунад.

Бобоён бо ишора ба изҳороти Илҳом Алиев таъкид кард, албатта парвандаи ҷумҳурии худхондаи Қарабоғи Куҳистонӣ баста шудааст бо ин шароит, ки ин ҷумҳурӣ ҳаргиз наметавонад бахше аз ҷумҳурии Озарбойҷон бошад.

Пеш аз ин Довит Бобоён эълом карда буд, шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ, ки мехоҳанд аз манотиқи ҷумҳурии худхондаи Қарабоғ боздид кунанд, ибтидо бояд аз вазорати умури хориҷаи ин ҷумҳурӣ муҷавиз бигиранд.

Ин дар ҳоле аст, ки ҷумҳурии худхондаи Қарабоғ, ки аз суи аромана ба ҷумҳурии Ортсох шинохта мешавад, танҳо аз сӯи се кишвари ғайри узви Созмони милал ба унвони кишвари мстақил ба расмият шинохта шудааст.

Дар айни ҳол бар асоси тавофқномаи сулҳ, ки бо мушорикати Русия барои поёни ҷанг ва хунрезӣ бар сари Қарабоғ имзо шуд, сарони Боку ва Ереван тавофуқ карданд то манотиқи ишғол шудаи қаблӣ ба ҷумҳурии Озарбойҷон вогузор шавад.

 

БЕШТАР БИХОНЕД :  

  1. Нишасти сеҷонибаи Маскав дар бораи Қарабоғ