Март 08, 2021 18:58 Asia/Dushanbe
  • Давлати Амрико дар садади ирсоли сигнал ба Русия аст
    Давлати Амрико дар садади ирсоли сигнал ба Русия аст

Як расонаи амрикоии наздик ба ҳизби ҳокими демократи ин кишвар аз эҳтимоли силсила-ҳамалоти сайберӣ (киберӣ) –и сиррии Вашингтон алайҳи Русия дар се ҳафтаи ахир хабар дод.

Ба гузориши рӯзномаи амрикоии «Ню-Йорк Таймс», давлати Ҷо Байден, раиси ҷумҳурии Амрико дар тадорук аст ба қасди ҳамалоти сайберии густардаи Русия ба Амрико дар ҳафтаҳои охири давлати Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии собиқи Амрико, алайҳи шабакаҳои Русия даст ба анҷоми ҳамалот сайберӣ бизанад.

Давлати Амрико дар ҳамин робита дар пайи ирсоли сигнал ба Русия аст.

Домана ва печидагии ҳамалоти сайберӣ ба ниҳодҳои амрикоӣ ба ҳадде аст, ки Вашингтон дар мутаваққиф кардан ва таъйини мизони хисороти он нотавон мондааст.

Дар рӯзҳои ахир расонаҳои амрикоӣ гузоришҳои зиёде дар бораи нуфузи ҳакерҳо ба созмонҳои давлатӣ дар Амрико бо истифода аз нармафзори ширкати «Solar Windows», мустақар дар Техас мунташир карданд.

Тибқи гузоришҳои расонаҳои амрикоӣ, ҳакерҳо ба чандин вазоратхонаву ниҳоди федерал аз қабили Созмони миллии амнияти ҳастаии Амрико нуфуз кардаанд.

Манобеи амниятии Амрико давлати Русияро пушти ин ҳамалоти ҳакерҳо муаррифӣ кардаанд.

Бо ин ҳол, Маскав борҳо дахолати ин кишвар дар ҳамалоти сайберӣ дар Иёлоти Муттаҳидаро рад кардааст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп