Баёнияи мудохилаҷӯёнаи 3 кишвари аврупоӣ дар бораи Яман
Бо пешравии нерӯҳои яманӣ дар Маъриб, Британия, Фаронса ва Олмон дар изҳороте мудохилаҷӯёна ин пешравиҳоро маҳкум кардаанд.
Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, кишварҳои Британия, Фаронса ва Олмон, ки дар солҳои ахир чашми худро бар рӯйи таҷовузҳои эътилофи саудӣ бастаанд, акнун ва ҳамзамон бо пешравии нерӯҳои артиш ва кумитаҳои мардумии Яман дар устони Маъриб (маркази Яман), дар баёнияи муштараке ин пешравиҳоро маҳкум кардаанд.
Пеш аз ин сарҳанг Азиз Аррошид, сухангӯи артиши Яман эълом кард, дар сурате ки таҷовузҳои Арабистони Саудӣ ба хоки Яман идома дошта бошад, нерӯҳои яманӣ ҳамалоти худро ба умқи хоки Арабистон хоҳанд кашонд.
Ҳамчунин хабаргузориҳо чаҳоршанбешаб аз вуқӯи як инфиҷори ваҳшатнок дар Маъриб хабар доданд, ки гуфта мешавад ношӣ аз ҳамлаи мушакии артиш ва кумитаҳои мардумии Яман ба мавозеи мутаҷовизон будааст.
Бештар бихонед:
- Сарнагунии як ҳавопаймоии эътилофи саудӣ дар устони Маъриби Яман
- Ҳамлаи паҳподии Яман ба фурӯдгоҳи Абҳои Арабистон
- Созмони Милал: Яман дар остонаи фурӯпошӣ аст