Баёнияи мудохилаҷӯёнаи 3 кишвари аврупоӣ дар бораи Яман
https://parstoday.ir/tg/news/world-i63552-Баёнияи_мудохилаҷӯёнаи_3_кишвари_аврупоӣ_дар_бораи_Яман
Бо пешравии нерӯҳои яманӣ дар Маъриб, Британия, Фаронса ва Олмон дар изҳороте мудохилаҷӯёна ин пешравиҳоро маҳкум кардаанд.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Март 12, 2021 17:26 Asia/Dushanbe
  • Артиши Яман: Дар сурати идомаи таҷовузҳои Арабистон ҳамалоти худро ба умқи хоки Арабистон мекашонем
    Артиши Яман: Дар сурати идомаи таҷовузҳои Арабистон ҳамалоти худро ба умқи хоки Арабистон мекашонем

Бо пешравии нерӯҳои яманӣ дар Маъриб, Британия, Фаронса ва Олмон дар изҳороте мудохилаҷӯёна ин пешравиҳоро маҳкум кардаанд.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, кишварҳои Британия, Фаронса ва Олмон, ки дар солҳои ахир чашми худро бар рӯйи таҷовузҳои эътилофи саудӣ бастаанд, акнун ва ҳамзамон бо пешравии нерӯҳои артиш ва кумитаҳои мардумии Яман дар устони Маъриб (маркази Яман), дар баёнияи муштараке ин пешравиҳоро маҳкум кардаанд.

Пеш аз ин сарҳанг Азиз Аррошид, сухангӯи артиши Яман эълом кард, дар сурате ки таҷовузҳои Арабистони Саудӣ ба хоки Яман идома дошта бошад, нерӯҳои яманӣ ҳамалоти худро ба умқи хоки Арабистон хоҳанд кашонд.

Ҳамчунин хабаргузориҳо чаҳоршанбешаб аз вуқӯи як инфиҷори ваҳшатнок дар Маъриб хабар доданд, ки гуфта мешавад ношӣ аз ҳамлаи мушакии артиш ва кумитаҳои мардумии Яман ба мавозеи мутаҷовизон будааст.

 

Бештар бихонед: