Иттиҳомоти тунди Байден алайҳи Владимир Путин
Ҷо Байден, раиси ҷумҳурии Амрико бо муттаҳам кардани Русия ба дахолат дар интихоботи раёсати ҷумҳурии ахири ин кишвар ҳушдор дод: Владимир Путин барои мудохила дар интихоботи Амрико товон хоҳад дод.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Ҷо Байден дар мусоҳиба бо шабакаи Эй Би Си Нюс раиси ҷумҳурии Русияро қотил хонд ва дар хусуси иддаои ҷомеаи иттилоотии Амрико дар бораи мудохилаи Маскав дар интихоботи ахири Вашингтон гуфт, вай дар тамоси телефонии моҳи январи худ бо Путин ба ҳамтои руси худ дар бораи вокуниши эҳтимолии Амрико ҳушдор додааст.
Ҷомеаи иттилоотии Амрико ахиран дар гузорише муддаӣ шуд, ки Русия амалиёти иттилоотии муваффақеро барои нуфуз ба ҳалқаи наздикони Доналд Трамп ҳидоят кардаву мутобиқи ин иддао, дастгоҳи иттилоотии Русия аз тариқи авомили наздик ба Трамп иттилооти нодурустеро дар бораи низоми сиёсии Амрико бо ҳадафи тазъифи Ҷо Байден мунташир кардааст.
Ин иттиҳоми беасос дар ҳоле баён мешавад, ки Брайан Мурфи, мудири пешини бахши иттилооти Вазорати амнияти дохилии Амрико дар даврони Трамп фош карда буд, ки мақомҳои аршади ин вазоратхона вайро таҳти фишор гузоштаанд то бо дасткорӣ дар иттилоот, Русия ва дигар кишварҳо, аз ҷумла Чин ва Эронро ба талош барои дахолат дар интихоботи Амрико муттаҳам кунад.
Раиси ҷумҳурии Амрико дар бахши дигаре аз изҳороташ хуруҷи низомиёни амрикоӣ аз Афғонистон то моҳи майро душвор хонд ва изофа кард: Давлаташ дар ҳоли тасмимгирӣ дар бораи замони хуруҷи низомиёни амрикоӣ аз Афғонистон аст.
Бештар бихонед:
- Давлати Байден дар ҳоли анҷоми ҳамалоти сайберии маҳрамона алайҳи Русия
- Байден: Аз рафторҳои Русия бисёр нигаронем
- Равобити давлати Ҷо Байден бо Русия бо ихтилоф оғоз шуд