Март 19, 2021 22:11 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти Карзай аз ҳукумати муваққат дар Афғонистон

Раиси ҷумҳурии пешини Афғонистон дар ҳошияи нишасти Маскав дар бораи сулҳи Афғонистон эълом кард, эҷоди ҳукумати муваққат метавонад заминаи даст ёфтан ба як тавофуқи сиёсӣ дар ин кишварро фароҳам кунад.

Ба гузориши хабаргузории Садои афғон (Ово), Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳурии пешини Афғонистон ва узви ҳайати ин кишвар дар нишасти сулҳи Маскав  гуфт: Ҳимояташ аз ҳукумати муваққат ба ҳеч унвон ба ин маъно нест, ки низоми кунунӣ қурбонӣ шавад, балки бояд мардум дар чорчӯби як низоми демократӣ бо ҳам муттаҳид шаванд.

Карзай афзуд: Толибон ё бояд бо ҳукумати феълӣ тавофуқ кунад ё ин ки як ҳукумати муваққат ташкил шавад.

Ин дар ҳоле аст ки давлати муваққат идеяи мавриди ҳимояти Амрико ва Русия аст ва ба назар мерасад, ки яке аз меҳварҳои муҳими нишастҳои Маскав ва Истанбул низ ҳамин идея бошад. Ин идея бо мухолифати давлати Афғонистон рӯ ба рӯ шудааст.

Пас аз нишасти Маскав қарор аст дар моҳи аррел нишасте мушобеҳи нишасти Маскав дар Истанбули Туркия баргузор шавад.

 

Барчасп