Март 24, 2021 19:00 Asia/Dushanbe
  • Бо татбиқи қонуни нав дар Русия, Путин метавонад то синни 84-солагӣ президент шавад
    Бо татбиқи қонуни нав дар Русия, Путин метавонад то синни 84-солагӣ президент шавад

Бар асоси қонуне, ки ба тасвиби Думаи Русия расид, Владимир Путин метавонад ду давраи дигар номзади раёсати ҷумҳурии кишвараш шавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Тасс, Думаи Русия рӯзи чаҳоршанбе қонунеро тасвиб кард, ки ба мӯҷиби он Владимир Путин метавонад ду давраи дигар низ номзади раёсати ҷумҳурии кишвараш шавад.

Тибқи қатъномаи Дума, раёсати сарвари ҳукумати кунунии Русия Владимир Путин дар поёни мӯҳлати ваколаташ дар соли 2024 сарфи назар карда мешавад ва ӯ метавонад барои ду давраи дигар раиси ҷумҳурии Русия шавад.

Путин дар соли 2036 ба синни 84 солагӣ хоҳад расид.

Раёсати ҷумҳурии Русия то ҳол қатъномаи Думаро шарҳ надодааст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп