Март 25, 2021 14:44 Asia/Dushanbe
  • Ҷумҳурии Озарбойҷон мегӯяд, муносибат бо асирони Арманистон мувофиқи Конвенсияи Женева сурат гирифтааст
    Ҷумҳурии Озарбойҷон мегӯяд, муносибат бо асирони Арманистон мувофиқи Конвенсияи Женева сурат гирифтааст

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон гузориши дидабони ҳуқуқи башар дар бораи вайрон кардани Конвенсияи байналмилалии Женева дар бораи муносибати бераҳмона бо асирони ҳарбии Арманистонро рад кард.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи хабарии Ҳақоиқи Қафқоз, Вазорати корҳои хориҷаи  Ҷумҳурии Озарбойҷон дар баёнияе рафтори Боку бо асирони арманиро тибқи мавозини ҳуқуқи байналмилалӣ эълом кард ва гузориши дидабони ҳуқуқи башар Humanи Rightsи Watch-ро дар бораи рафтори номуносиб бо асирони низомии арманӣ, як ҷониба ва дур аз воқеъият тавсиф кард.

 

Дар ин баёнияи Вазорати корҳои хориҷаи  Ҷумҳурии Озарбойҷон омадааст: «Бо ҳамаи асирони низомӣ ва ғайринизомии арманӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон мутобиқи Конвенсияи Женеваи соли 1949 рафтор шуда ва онҳо ҳаргиз мавриди тавҳину таҳқир қарор нагирифтанд ва кумакҳои пизишкии лозимро низ дарёфт карданд.»  

  Вазорати корҳои хориҷаи Ҷумҳурии Озарбойҷон ҳамчунин таъкид кард ҳамаи асирони низомии арманӣ дар ин кишвар бар асоси тавофуқномаи сеҷонибаи 10 ноябри соли гузаштаи раисони Ҷумҳурии Озарбойҷон, Русия ва нахуствазири Арманистон ба ин кишвар таҳвил дода шуданд. Озарбойҷон ҳамчунин таъкид кард ҳамаи асирони низомии арманӣ дар ин кишвар бар асоси тавофуқномаи сеҷонибаи 10 ноябри соли гузаштаи раисони Ҷумҳурии Озарбойҷону Русия ва нахуствазири Арманистон ба ин кишвар таҳвил дода шуданд. 

 

Бештар бихонед:

Барчасп