Муҳимтарин масъалаи сиёсати хориҷии Амрико аз назари Байден
Раиси ҷумҳурии Амрико панҷшанбешаб дар аввалин конфронси хабарии худ гуфт: Вай низ монанди Барак Абама, раиси ҷумҳарии собиқи Амрико Кореяи Шимолиро муҳимтарин масъалаи сиёсати хориҷии худ медонад.
Ба гузориши ИРНА, Ҷо Байден ба озмоишҳои мушакии Кореяи Шимолӣ вокуниш нишон дод ва афзуд: Агар онҳо тасмим бигиранд, ки барномаи мушакии худро ташдид кунанд, мо посух хоҳем дод.
Раиси ҷумҳурии Амрико изҳор дошт, ки Кореяи Шимолӣ бо иқдомоти худ қатъномаи 1718 Созмони Милалро, ки монеъ аз партоби мушакҳои баллистики ё анҷоми озмоишҳои ҳастаӣ мешавад, нақз кардааст.
Дар рӯзҳои гузашта Амрико ва Кореяи Ҷанубӣ эълом карданд, ки Кореяи Шимолӣ даст ба озмоиши ду мушаки кӯтоҳбурд задааст.
Бештар бихонед:
- Ифшогарии “Ҳилл” дар бораи пешниҳоди Трамп ба раҳбари Кореяи Шимолӣ
- Розе ки раҳбари Кореяи Шимолӣ ба Трамп гуфт