Март 30, 2021 13:32 Asia/Dushanbe
  • Мубтало шудани раиси Ҷумҳурии Покистон ба корона
    Мубтало шудани раиси Ҷумҳурии Покистон ба корона

Раиси ҷумҳурии Покистон ба вируси корона мубтало шудааст.

 Ба гузориши ИРНА, тести коронаии раиси ҷумҳурии Покистон «Ориф Алавӣ » чанд рӯз пас аз ибтилои «Умронхон » нахуствазири ин кишвар ба вируси корона, мусбат эълом шуд ва акнун дар карантин аст .

Ҳамзамон «Парвиз Хатак" вазири дифои Покистон низ ба вируси Ковид - 19 мубтало шуда ва барои дармон таҳти муроқибати  пизишкон қарор дорад. 

«Умрони Хон » ва ҳамсараш низ мароҳили беҳбудро тай карда ва вазъияти онҳо пойдор аст. 

 Ибтилои мақомоти аршади покистонӣ ба вируси корона дар ҳолест, ки мавҷи сеюми шуюъи ин вируси ҳамагир тамоми шаҳрҳои Покистонро фаро гирифтааст. 

Давлати Покистон ба манзури маҳори мавҷи сеюми вируси корона, таҷаммӯъоти умумиро дар саросари ин кишвар мамнӯъ эълом кард.

Бар асос охирин додаҳои расмии Вазорати Беҳдошти Покистон, дар 24 соати гузашта бо сабти чаҳор ҳазору 767 мавриди ҷадиди ибтило ба вируси корона, маҷмӯи мубталоён дар ин кишвар ба 654 ҳазору 591 нафар афзоиш ёфт. 

 Ҳамчунин токунун 14 ҳазору 215 нафар ҳам бар асари вируси корона дар Покистон ҷон бохтанд.

Барчасп