Эҷоди риштаи адабиёти форсӣ дар Донишгоҳи забон ва фарҳанги Пекин
Донишгоҳи забон ва фарҳанги Пекин аз соли таҳсилии оянда дар риштаи забон ва адабиёти форсӣ донишҷӯ мепазирад.
Ба гузориши ИРНА, Шиба Фанг, муовини факултаи Роҳи Абрешими Донишгоҳи забон ва фарҳанги Пекин рӯзи чаҳоршанбе дар дидор бо Аббосалии Вафоӣ, ройзани фарҳангии Ҷумҳурии исломии Эрон ва намояндаи Бунёди “Саъдӣ” дар Чин гуфт: Ба дархости Эрон муҷаввизи тадриси риштаи забон ва адабиёти форсӣ дар ин донишгоҳ дарёфт шуда ва қарор аст аз соли оянда донишҷӯи забон ва адабиёти форсӣ дар ин донишгоҳ пазируфта шавад.
Аббосалии Вафоӣ ҳам дар ин дидор аз талоши Донишгоҳи забон ва фарҳанги Пекин дар пайгирии тадриси риштаи забону адабиёти форсӣ қадрдонӣ кард ва гуфт: Теҳрон омодагӣ дорад манобеи лозимро барои омӯзиши забону адабиёти форсӣ дар ихтиёри ин донишгоҳ қарор диҳад.
Бештар бихонед:
- Вебинари устодони забон ва адабиёти форсӣ дар Пекин
- Низомии Ганҷавӣ - офаринандаи ишқ дар адабиёти ҳамосии Эрон + видео
- Шарқшиноси гурҷӣ: “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ адабиёти Гурҷистонро равнақ дод