Имзои созишномаи омӯзиши 30 донишҷуи тоҷик дар бахши металурги дар Чин
Намояндагони корхонаи муштараки маъодини Тоҷикистон ва Чин, вазоратхонаҳои саноъат ва фановариҳои навин ва маъорифи Тоҷикистон созишномаи омӯзиши ҳамасола 30 донишҷуи тоҷик дар бахши металурги дар Чинро имзо карданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи ТоҷВик, омӯзиши ҳамасола 30 донишҷуи тоҷик дар бахши металурги дар донишгоҳи Гонсуи Чин анҷом хоҳад гирифт.
Ли Ёвҳови, мудири корхонаи муштараки маъоден Тоҷикистон ва Чин дар маросими имзои ин созишнома таъкид кард, ки омӯзии ҳамасола 30 донишҷуи тоҷик заминаи омодасозии мутахасисон барои фаъолияти дар бахшҳои металурги, маъданшиносӣ ва кашфи маводи маъданӣ барои Тоҷикистонро фароҳам хоҳад кард.
Вай таъкид кард, ки корхонаи муштараки маъодини Тоҷикистон ва Чин дар вилояти Суғд беш аз 4 ҳазор шаҳрвандони тоҷик фаъолият мекунанд, ин корхона дар 15 соли фаъолияти хеш ба буҷети ҳукумати Тоҷикистон 33 миллиард сомонӣ молиёт пардохт карда аст, ҳамчунин барои ҳимоят аз будҷети ҳукумати Тоҷикистон беш аз як миллиарду 600 миллион сомонӣ кумакрасони шуда аст.