Октябр 22, 2016 19:54 Asia/Dushanbe
  • Шикасти даври ҷадиди таҳримҳои Аврупо алайҳи Русия

Раъйи манфии Италия ба таҳрими Русия ба баҳонаи ҳамкории зидди террористии Маскав бо Сурия, монеъ аз иқдоми ҷадиди зидди русӣ дар Иттиҳоди Аврупо шуд.

Ба гузориши хабаргузории ТАСС, Маттео Ренси- нахуствазири Италия дар нишасти ду рӯзаи сарони Иттиҳоди Аврупо дар Брюссел, ки ҷумъашаб поён ёфт, бо эъмоли ҳар гуна таҳрим дар мавриди Русия ба далели масъалаи Сурия мухолифат кард.

Олмон, Англис ва Фаронса бо ҳимояти Амрико хостори эъмоли таҳримҳои ҷадид, алайҳи Русия буданд.

Нахуствазири Италия, раҳбарони Олмон, Фаронса ва Англисро мутақоид кард аз таҳрими Русия дар масъалаи Сурия, сарфи назар кунанд.

Вай дар музокира бо сарони Иттиҳоди Аврупо, бархуддорӣ аз эъмоли таҳримҳои ҷадиди зиддди русие, ки Берлин, Порис ва Лондон пешниҳод карда буданд, пофишорӣ кард ва онро бемаъне хонд.

Доналд Туск- раиси Шӯрои Аврупо пас аз шикаст дар иҷрои таҳримҳои ҷадиди зидди русӣ гуфт, сарони шӯро бо дар назар гирифтани «ҳамаи гузинаҳои мавҷӯд» бо таҳрими Русия дар сурати идомаи вазъияти кунунӣ дар Ҳалаби Сурия мувофиқат карданд.

Туск дар ҳоле вазъияти Ҳалабро фоҷеъа тавсиф карда, ки террористҳои Ҷабҳаи Аннусра дар ин минтақа, зери ҳамлаҳои Сурия ва Русия дар ҳоли шикаст ҳастанд ва борҳо кишварҳои ғарбӣ-арабии зидди сурӣ, хостори таваққуфи ин амалиёт шудаанд.

Ин кишварҳо токунун аз маҳкум кардани куштори рӯзонаи мардуми Сурия аз сӯи гурӯҳҳои террористӣ, худдорӣ кардаанд.