Апрел 10, 2021 21:06 Asia/Dushanbe
  • Укройнҳо ахиран Русияро дар истиқрори нерӯҳояш дар атрофи марзи муштарак муттаҳам карданд
    Укройнҳо ахиран Русияро дар истиқрори нерӯҳояш дар атрофи марзи муштарак муттаҳам карданд

Бархе расонаҳо аз интиқоли сомонаҳои мушакии тактикии "Искандар"-и артиши Русия ба марз бо Украина хабар доданд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, Русия аз авохири моҳи март мақодири зиёди таҷҳизоти низомиро ба марзҳои Украина, ба вижа манотиқи «Қрим», «Воронеж» ва «Ростов» мунтақил кардааст. 

Филми мунташиршуда дар ин замина низ ҳаракати корвони низомии Русия дар Воронежро нишон медиҳад, ки шомили сомонаҳои мушакии Искандар аст. 

Искандар як сомонаи мушакии тактикии мутаҳаррики пешрафтааст ва метавонад аҳдофи заминӣ монанди постҳои фармондиҳӣ ва мухобиротӣ, имконоти падофанди ҳавоӣ ва мушакиро ҳадаф қарор диҳад. 

Дар ҳафтаҳои ахир Украина, нерӯ ва таҷҳзоти зиёдӣ дар манотиқи шарқии худ мустақар карда ва Русия низ шуморе аз нерӯҳо ва таҷҳизоти худро ба манотиқи марзӣ бо Украина эъзом кардааст. 

Украиниҳо ахиран Рӯсияро ба истиқрори нерӯҳои низомӣ дар атрофи марзҳои муштарак муттаҳам карда ва муддаӣ шуданд ҷудоиталабони таҳти ҳимояти Русия ба сурати низомманди оташбас дар шарқи Украинаро нақз мекунанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп