Пешниҳоди Байден ба Путин дар гуфтугӯи телефонӣ
Кохи Сафед рӯзи сешанбе дар баёнияе аз гуфтугӯи телефонии Раиси Ҷумҳурии Амрико Ҷо Байден бо Раиси Ҷумҳурии Русия Владимир Путин ва пешниҳод ба ӯ хабар дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Кохи Сафед дар ин баёния эълом кард Раиси Ҷумҳурии Амрико дар ин тамоси телефонӣ ба Путин пешниҳод дод барои баҳс дар бораи масоили гуногуни пеши рӯи Амрико ва Русия, дидори ҳузурӣ дар кишвари сеюм баргузор кунанд.
Сухангӯи Кохи Сафед гуфт: « Байден дар гуфтугӯ бо Путин бар амнияту якпорчагии сарзаминии Украина таъкид кардааст. »
Ба гуфтаи сухангӯи Кохи Сафед, Байден ҳамчунин аз тақвияти мавозиъи низомии Русия дар Қрим ва марзҳои Украина ибрози нигаронӣ ва ба Маскав тавсия кардааст аз шиддати танишҳо бикоҳад.
Ҳамчунин бинобар эъломи расонаҳо, Байден ва Путин дар бораи масоиле чун ҳамлаҳои сойберӣ, иддаои дахолати Маскав дар интихоботи Амрико ва мавзӯи Украина гуфтугӯ кардаанд.
Байден пештар пешниҳоди Путинро барои музокираи маҷозӣ рад карда буд
Украина ахиран аз Иёлоти Муттаҳида садҳо миллион доллар кумаки низомӣ, аз ҷумла мошинҳои зиреҳпӯш, ҳавопаймоҳои бесарнишин ва мушакҳои зиддитанкӣ гирифтааст ва дар наздикии марзи Русия захира мекунад.
Ҳузури низомиёни ИМА дар марзи Украина ва Русия мавриди интиқоди шадиди мақомоти Кремл қарор гирифт ва муносибатҳои бе ин ҳам пуршиддат танишҳо байни Маскав ва Вашингтонро шадидтар карданд.
Бештар бихонед:
- Иттиҳомоти тунди Байден алайҳи Владимир Путин
-
Маскав : Байден фош кард чи қадр аз Русия ва Чин метарсад