Аниматсияи кӯтоҳи Чатр
Апрел 15, 2021 05:47 Asia/Dushanbe
Аниматсияи кӯтоҳи "Чатр", илҳом гирифта аз рӯйдодҳои воқеӣ ва саршор аз паёми умеду ҳамдардӣ аст.
Ин филм ривоятгари достони писарбачае ба номи Жозеф аст, ки дар хонаи нигаҳдорӣ аз кӯдакони бесарпараст зиндагӣ мекунад.Рӯёи ӯ доштани чатре ба ранги зард аст, то рӯзе ӯ тасодуфан бо духтарбачае мулоқот мекунад. Ин мулоқот хотироти гузаштаи ӯро зинда хоҳад кард.
"Чатр" аниматсияи кӯтоҳи сохти Бразилия аст. Ин аниматсия ба тозагӣ ба ҷашнвораи филми Оскар 2021 роҳ ёфтааст.