Апрел 18, 2021 09:08 Asia/Dushanbe
  • Ғанӣ дар сафари ахири Энтони Блинкен мутааҳҳид шудааст, ки ҳафт ҳазор зиндонии гурӯҳи Толибонро озод кунад
    Ғанӣ дар сафари ахири Энтони Блинкен мутааҳҳид шудааст, ки ҳафт ҳазор зиндонии гурӯҳи Толибонро озод кунад

Як коршиноси масоили сиёсии Афғонистон эълом кард, ки дар сафари вазири хориҷаи Амрико ба Кобул, Муҳаммадашраф Ғанӣ, раисҷумҳури ин кишвар мутааҳҳид шудааст, 7 ҳазор зиндонии гурӯҳи Толибонро озод кунад.

Ба нақл аз Ирно, Довуд Обидӣ, аз афроди наздик ба Толибон ва коршиноси масоили сиёсӣ гуфт, бар асоси иттилооти вай, Ғанӣ дар сафари ахири Энтони Блинкен мутааҳҳид шудааст, ки ҳафт ҳазор зиндонии гурӯҳи Толибонро озод кунад ва ҳамчунин Созмони милали муттаҳид низ дар ҳоли ройзанӣ барои хориҷ кардани номи раҳбарони Толибон аз феҳристи сиёҳ аст.

Гурӯҳи Толибон дар иттилоияи 3 рӯзи пеши худ эълом карда буд, ки Амрико ба онҳо тааҳҳуд додааст, ки ҳафт ҳазор зиндонии ин гурӯҳро дар раванди гуфтугӯи сулҳи Давҳа озод ва номи раҳбарони онҳоро низ аз феҳристи сиёҳ хориҷ мекунад, ки токунун ба ин ваъдаҳо амал накардааст.

Обидӣ меафзояд: Хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон бар асоси замонбандии таъиншудаи раисҷумҳури Амрико низ бо шаку тардидҳое мувоҷеҳ аст, зеро як ширкати амрикоӣ қарор аст, то соли 2022 ё фаротар аз он як қарордоди беш аз 900 миллион доллариро дар Фурӯдгоҳи Баграми Афғонистон ба пеш барад, ки ин мавзуъ дар бораи раванди хуруҷ шакҳоеро эҷод мекунад.

Ин мавзуъ дар ҳоле матраҳ мешавад, ки пеш аз ин Амруллоҳи Солеҳ, муовини аввали раёсатҷумҳурии Афғонистон озодии ҳудуди шаш ҳазор зиндонии Толибонро пеш аз оғози нишасти Давҳа бузургтарин иштибоҳи давлат хонда буд.

Ҳарчанд давлату мақомоти афғон дар сафари ахири Блинкен аз озодии зиндониёни Толибон ва хуруҷи номи раҳбарони ин гурӯҳ аз феҳристи сиёҳ чизе нагуфтаанд, аммо Вазорати хориҷаи Амрико бо интишори тасвири дунафарӣ аз Блинкен ва раисҷумҳури Афғонистон ин гамоназаниро тақвият кардааст, ки ин мавзуъ дар ин дидори дунафара матраҳ шуда бошад.

Бештар бихонед:

 

Барчасп