Баландтарин нохунҳои ҷаҳон пас аз 30 сол кӯтоҳ шуд
Апрел 18, 2021 10:29 Asia/Dushanbe
-
Аяна бо нохунҳои баланди худ бо мушкилоти рӯзмарра рӯбарӯ мешуд
Як зани амрикоӣ, ки рекорддори баландтарин нохунҳои ҷаҳон буд, пас аз тақрибани 3 даҳа нохунҳои худро кӯтоҳ кард.
Аяна Уилямс аз ҳудуди 30 соли пеш токунун нохунҳои худро кӯтоҳ накарда буд.
Пизишкони як дармонгоҳ дар Техаси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз як абзори чархишии электрикӣ барои буридани нохунҳои баланди ин рекорддори Гиннес истифода карданд.
Соли 2017 рекорди нохунҳои Аяна беш аз 733. 55 сантиметр буд ва дар натиҷаи номи вай ба унвони дорандаи ин рекорд дар Гиннес сабт шуд.
Ахиран вай барои зинати нохунҳояш ба ҳудуди 3 ё 4 бутрӣ локи нохун ниёз дошт.
Бештар бихонед: