Апрел 21, 2021 15:03 Asia/Dushanbe
  • Сандерс : Мардуми Амрико намехоҳанд пули онҳо дар ҳимоят аз сиёсатҳои поймолкунандаи  ҳуқуқи башар истифода шавад
    Сандерс : Мардуми Амрико намехоҳанд пули онҳо дар ҳимоят аз сиёсатҳои поймолкунандаи ҳуқуқи башар истифода шавад

Берни Сандерс ( Bernieи Sanders ) сенатори мустақили амрикоӣ бар маҳдуд кардани кумакҳои Амрико ба режими саҳюнистӣ ба манзури эҷоди фишор барои поён додан ба ишғолгарии ин режим таъкид кард .

Берни  Сандерс дар нишасти солиёнаи лобии либероли яҳӯдии   Jи Street  бо ишора ба кумакҳои низомии фаровони Амрико ба режими саҳюнистӣ гуфт : Воқеъият ин аст дар ироаи кумакҳои Амрико ба Исроил мардуми Амрико намехоҳанд шоҳид ин бошанд, ки пули онҳо дар ҳимоят аз сиёсатҳое, ки поймолкунандаи ҳуқуқи башар ва рафтор бо мардуми Фаластин ба унвони инсонҳои дараҷаи дувум ҳастанд, истифода шавад . Вай бар зарурати эҷоди фишорҳои ҳақиқӣ бар режими саҳюнистӣ, аз ҷумла  маҳдуд шудани кумакҳои Амрико дар вокуниш ба аз байн бурдани фурсатҳои сулҳ таъкид кард .

Ин сенатори яҳудии шинохташудаи Амрико дар солҳои ахир борҳо аз ҳимоятҳои бечуну чарои Вашингтон аз Тел-Авив интиқод ва чандин бор низ Бинямин Натаняҳу-нахуствазири режими саҳюнистиро « нажодпараст » тавсиф кардааст .

    Элизабет Варрен - сенатори демократ низ дар нишасти Ҷи стирит гуфт : « Агар дар мавзӯи таваққуфи тавсеъаи шаҳраксозӣ ва кумак ба тарафҳо барои расидан ба роҳкори ду кишвар ҷиддӣ бошем ғайри масъӯлона хоҳад буд, ки ҳамаи абзорҳои мумкинро мавриди тавваҷуҳ қарор надиҳем . »

  Давлати Амрико миллиардҳо доллар аз пули андоздиҳандагони амрикоиро солона ба шакли кумакҳои низомӣ ва иқтисодӣ дар ихтиёри режими саҳюнистӣ қарор медиҳад . Кумакҳо ва қарордодҳои низомии Амрико бо режими саҳюнистӣ борҳо ба баргузарии тазоҳуротҳое дар саросари Амрико мунҷар шудааст . Муътаризон мегӯянд пули молиётдиҳандагони Амрико барои иқдомоти таҳоҷумӣ ва хушунатомези режими саҳюнистии алайҳи фаластиниҳо истифода мешавад .

  Дар айни ҳол интиқоди ошкори ин сенаторҳои амрикоӣ аз идомаи кумакҳои густардаи Вашингтон ба режими саҳюнистӣ ба рағми иқдомоти зиддиинсонии Тел-Авив алайҳи фаластиниҳо иборат аз идомаи шаҳраксозӣ ва ҷиноятҳои  гуногун  алайҳи онҳо дар воқеъ парда аз рӯйкарди зиддиинсонии Амрико дар ҳимояти мутлақ аз режими саҳюнистӣ қатъи назар аз иқдомоти он бармедорад . Амрико ҳомии аслии ишғолгарӣ ва ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ алайҳи мардуми мазлуми Фаластин буда ва кумакҳои густардаи низомӣ ва молии он дар ин масир сарф мешавад .

    Мақомҳои саҳюнист ба вижа Натаняҳу ҳамвора Вашингтонро ҳомии қудратманди режими саҳюнистӣ хондаанд .

  Ҷовид Қурбонуғлу- коршиноси ғарби Осиё мегуяд : Дар сиёсати хориҷии Амрико як асли стратегӣ ва фароҳизбӣ вуҷуд дорад, ки бунёни он бар иттиҳоди стратегӣ бо режими саҳюнистӣ ниҳода шудааст . Амрико бар асоси ин асл, ки рӯйкарди сиёсӣ - амниятӣ барои Вашингтон маҳсуб мешавад, худро уҳдадори ҳифзи мавҷудият ва амнияти режими саҳюнистӣ медонад ва дар арсаҳои мухталиф низ ин ҳимоятро ба исбот расондааст .

  Ҳарчанд давлатҳои Амрико ҳамвора бар идомаи ҳимоятҳои густардаи низомӣ ва иқтисодӣ аз режими саҳюнистӣ таъкид доштаанд ва аз ҷумла дар давраи Обама бастаи кумакҳои даҳсолаи низомӣ ба режими саҳюнистӣ ба тасвиб расед ва иҷроӣ шуд, аммо Доналд Трамп- раиси ҷумҳӯри собиқи Амрико марзҳои ҳимояти мутлақ аз режими саҳюнистиро бо иқдомоти бесобиқаи худ ҷобаҷо кард . Вай даст ба амалӣ кардан иқдомоте зад, ки раисони ҷумҳӯри қаблии Амрико аз анҷоми онҳо худдорӣ карда буданд . Зимни инки Трамп ба режими саҳюнистӣ дар бораи идомаи шаҳраксозӣ дар қаламрави ишғолии 1967 чароғи сабз дода ва борҳо аз куштори мардуми мазлуми Фаластин тавассути саҳюнистҳо ба баҳонаи дифоъ аз худ ҳимоят кард . Дар воқеъ бидуни ҳимояти Амрико ба вижа ироаи кумакҳои низомии солона, ки байни 3 то 4 миллиард доллар аст, асосан режими саҳюнистӣ орӣ аз тавони лозим барои саркуби фаластиниҳо,идомаи шаҳраксозӣ ва низ ҳамалот алайҳи кишварҳои ҳамсоя аст .

 

      Бештар бихонед :

 

Барчасп