Апрел 22, 2021 12:52 Asia/Dushanbe
  • Киштии зериобии Индонезия дар размоише дар обҳои минтақаи Болии ин кишвар нопадид шуд
    Киштии зериобии Индонезия дар размоише дар обҳои минтақаи Болии ин кишвар нопадид шуд

Нерӯи дарёии Индонезия дар пайи ҷустуҷӯи 53 хадамаи киштии зериобии гумшудаи худ аст.

Ба гузориши ИРНА, сухангӯи Вазорати дифои Индонезия "Ҷулиус Видҷинер" эълом кард  киштии зериобии KRI Nanggala 402 рӯзи чаҳоршанбе дар размоише дар обҳои шимолии минтақаи Болӣ ширкат дошт, аммо тамос бо капитани ин киштии зериобӣ қатъ шуд.

Фармондеҳи артиши Индонезия низ эълом кард , ки артиш дар ҷустуҷӯи 53 хадамаи киштии зериобӣ дар обҳои болӣ аст.

Токунун якчанд кишвар, аз ҷумла Сингапур. Австралия ва Ҳинд омодагии худро барои кумак ба Индонезия эълом кардаанд.

Ба гуфтаи мақомоти Индонезия киштии зериобии гумшуда метавонад фишори обро то ҳаддиаксари умқи ҳудуди 250- метрӣ таҳаммул кунад.