Октябр 24, 2016 10:43 Asia/Dushanbe
  • Афғонистон: Покистон ҳомии аслии Толибон аст

Вазорати кишвари Афғонистон, Покистонро ҳомии аслии Толибон дар миёни кишварҳои минтақа донист.

Сухангуи Вазорати кишвари Афғонистон дар вокуниш ба афзоиши ҳамалоти Толибон дар манотиқи мухталифи ин кишвар гуфт: Исломобод мушаввиқи Толибон аст ва ҳечяк аз кишварҳои минтақа ба ҷуз Покистон ҳомии Толибон нестанд .

Сиддиқ Сиддиқӣ афзуд: Хости мардуми Афғонистон ин аст, ки гурӯҳҳои ифротӣ аз ҷумла Толибон дар ин кишвар мунзавӣ боқӣ бимонанд ва марокизи таъмини онҳо дар Покистон низ масдуд шавад .

Аҳмад Саидӣ, коршиноси масоили сиёсии Афғонистон низ дар ин бора мегӯяд, ки Покистони иҷозаи наздик шудани Толибон ба дигар ҷарёнҳо ва кишварҳоро намедиҳад.

Вай афзуд: Толибон агар борҳо ба Покистон сафар кунанд, мушкиле нест, аммо аъзои ин гурӯҳ агар ба кишвари дигаре сафар кунанд, давлати Исломобод бо онҳо бархурд хоҳад кард .