Апрел 22, 2021 16:20 Asia/Dushanbe
  • Вазири умури хориҷаи Покистон вориди Машҳад шуд
    Вазири умури хориҷаи Покистон вориди Машҳад шуд

Вазири умури хориҷаи Покистон дар идомаи сафараш ба Эрон барои зиёрати боргоҳи Ҳазрати Имом Ризо (а) вориди маркази устони Хуросони Разавӣ шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, вазири умури хориҷаи Покистон  Шоҳмаҳмуди Қурайшӣ рӯзи панҷшанбе дар шаҳри Машҳад пас аз зиёрати Ҳазрати Имом Ризо (а) бо Ҳуҷҷатул ислом вал-Муслимин  Аҳмад Марвӣ мутавалии  маҷмуаи ҳараме, ки остони Қудси Разавӣ хонда мешавад, дидор мекунад.

Қурайшӣ дар сафари худ ба Эрон токунун бо раисҷумҳур Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси маҷлиси шӯрои исломӣ Муҳаммадбоқир Қолибоф ва вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадҷавод Зариф дидор кардааст.

Мақомҳои покистонӣ маъмулан дар сафар ба Эрон қабл ё баъд аз дидорҳои сиёсӣ дар Теҳрон барои зиёрати Ҳарами Имом Ризо (а) аз наберагони Паёмбари гиромии Ислом (с) ба шаҳри Машҳади муқаддас  ба шимоли шарқи Эрон низ сафар мекунанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп