Апрел 24, 2021 13:38 Asia/Dushanbe
  • Исломобод хоҳони ифои нақши сулҳомез дар Афғонистон аст .
    Исломобод хоҳони ифои нақши сулҳомез дар Афғонистон аст .

Раиси ҷумҳӯрии Покистон таъкид кард,ки ин кишвар намехоҳад ба пойгоҳи низомиёни Амрико барои иқдомоти низомӣ дар Афғонистон табдил шавад .

Ориф Алавӣ дар посух ба Садои Амрико дар робита бо дархости Кохи Сафед дар бораи ҳузури иттилооти(ҷосуси)и густардатар дар Покистон ва ё ҳузури низомии бештар пас аз хурӯҷ аз Афғонистон гуфт : Итилоъе дар ин бора надорам, аммо бояд ҳушёр бошем, ки Покистон ба пойгоҳи Амрико барои иқдомоти низомӣ дар Афғонистон табдил нашавад .

  Ҷо Байден -раиси ҷумҳӯрии Амрико дар гузашта барои назорат бар Афғонистон  пешниҳоди эҷоди пойгоҳ дар Покистонро дода буд .

   Раиси ҷумҳӯрии Покистони зимни истиқбол аз эъломи хурӯҷи низомиёни Амрико аз Афғонистон то 11 сентябр таъкид кард:  Исломобод хоҳони ифои нақши сулҳомез дар Афғонистон аст .

  Изҳороти раиси ҷумҳӯрии Покистон дар мухолифат бо ҳузури иттилоотӣ ё низомии Амрико дар он кишвар дар чорчуби сиёсатҳои минтақаии Кохи Сафед нишон медиҳад, ки Исломобод ҳозир нест паёмадҳои бархоста аз ҳар гуна ҳамкории ғайримаъмулӣ бо Вашингтонро бипазирад .

    Аз замони имзои тавофуқномаи сулҳ байни Амрико ва Толибон дар феврали 2020, ки масаълаи хурӯҷи низомии ин кишвар аз Афғонистон матраҳ шудааст, гузинаи интиқолу ҷобаҷоии низомиёни Амрико ба Покистон низ дар конуни тавваҷуҳу таҳлили расонаҳои минтақаӣ қарор гирифтааст .

  Дар дохили Афғонистон низ ин масаъла вокунишҳоеро ба дунбол доштааст ва бархе аз намояндагони маҷлиси ин кишвар ба интиқоли таҷҳизоти низомии Амрико ба Покистон пас аз қатъӣ шудани хурӯҷи низомиёни хориҷӣ аз Афғонистон эътироз кардаанд .

Тибқи гуфтаи мақомоти Афғонистон тавофуқи ин кишвар бо Амрико он аст, ки таҷҳизоти низомии ин кишвар пас аз хурӯҷ дар ихтиёри артиши Афғонистон қарор гирад ва дар ҳоли ҳозир ин нигаронӣ вуҷӯд дорад, ки Кохи Сафед бо поймолсозии ин тавофуқ ин таҷҳизотро ба Покистон мунтақил кунад .

  Дар тозатарин мавзеъгирӣ Ҷо Байден-раиси ҷумҳӯрии Амрико хурӯҷи низомиёни ин кишвар аз Афғонистон камаш то сентябари 2021 ба таъхир афтодааст ва дар ин шароит ин пурсиш матраҳ аст, ки оё Кохи Сафед қарор аст нерӯҳои худро аз минтақа хориҷ кунад ё онҳоро ба кишвари дигаре мунтақил кунад?

  Суханони раиси ҷумҳӯрии Покистони ин гумонаро тақвият кардааст, ки Амрико дар назар дорад пас аз тасмим барои хурӯҷ аз Афғонистон аз хоки Покистон барои истиқрори низомиёни худ дар ин минтақа ва ё амалиёти густардаи иттилоотӣ истифода кунад, ки ин масаъла метавонад паёмадҳои сиёсиву амниятӣ барои ин кишвар ба дунбол дошта бошад .

    Бо тавваҷуҳ ба он ки  ҳузури эҳтимолии низомӣ ва иттилоотии Амрико  дар Покистон муҷиби афзоиши ангеза барои гурӯҳҳои террористӣ дар бархурди хушунатбор бо нерӯҳои Амрико мешавад ин масаъла метавонад паёмадҳои бисёр хатарноки амниятӣ барои Покистон ба ҳамроҳ дошта бошад, ки раиси ҷумҳӯрии ин кишвар бо дарки дақиқи чунин паёмаде аз мухолифати худ бо ҳар гуна ҳузури низомиёни Амрико дар кишвараш хабар додааст .

    Бо тавваҷуҳ ба он ки иллати аслии хушунатҳои Толибон дар Афғонистон дар наздик ба ду даҳаи гузашта ҳузури низомиёни Амрико ва НАТО дар он кишвар будааст, раиси ҷумҳӯрии Покистон нигаронаст, ки бо ҳузури иттилоотӣ ва низомии Амрико дар он кишвар беш аз гузашта ноамнӣ ва бесуботии вобаста ба иқдомоти маргбори Толибон ,Покистонро дар буҳронҳои бештари амниятӣ гирифтор кунад .

 

 

    Бештар бихонед :

 

Барчасп