Апрел 28, 2021 14:40 Asia/Dushanbe

Дар бозии байни Лестер Сити ва Кристал Пэлас дар Лигаи бартари Англия дарвозабон Кристал Палас барои ҳимоятгари Лестер Сити, ки рӯзадор буд, кори шоёни таъриф кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Варзиш 3  ҳимоятгари мусалмони Лестер Сити Уэсли Фофана дар дақиқаи 34-уми бозӣ канор рафт, то  бо нӯшидани об рӯзаи худро боз кунад. 

Дар ин лаҳза дарвозабон  Кристал Пэлас Crystalи Palaceи бозиро шурӯ накард то Фофана битавонад ифтор кунад. 

Пас аз бозӣ дар саҳифаи шахсии худ, ҳимоятгари фаронсавӣ ба «Кристал Палас» ва дарвозабон Висенте Гуайта изҳори ташаккур кард ва навишт, ки маҳз ҳамин иттифоқҳо футболро шигифтангез мекунад.

Рӯзадор будани Фофана ва иқдоми таҳсинбарангези дарвозабон Кристал Палас  дар расонаҳо бозтоби бисёр доштааст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп