Апрел 29, 2021 13:01 Asia/Dushanbe
  • Байден наслкушии ароманаро ба расмият шинохт
    Байден наслкушии ароманаро ба расмият шинохт

Тасвиби дархости давлати Арманистон дар бораи шиносоии наслкушии аромана тавассути Ҷо Байден, раисиҷумҳурии Амрико, бо эътирозҳои давлату мардуми Туркия рӯбарӯ шудааст.

Бо тасвиби шиносоии куштори аромана тавассути императории Усмонӣ дар соли 1915 ба унвони "наслкушӣ", аз ҳам акнӯн заминаҳои ташдиди ихтилофҳои Туркия ва Амрико оғоз шудааст.

Дар пайи изҳороти ахири Ҷо Байден, раисиҷумҳури Амрико мабнӣ бар ба расмият шинохтани расмии наслкушии аромана, сиёсатмадорони мувофиқ ва мухолифи давлати Анкара ва ҳамчунин мардуми Туркия ба ин иқдом вокуниши манфӣ нишон додаанд.

Дар ҳақиқат, мардуми хашмгини Туркия бо баргузории чандин таҷаммуъ дар шаҳрҳои мухталифи Туркия, бо иҷтимо муқобили сафорату консулгарии Амрико, иқдоми зиддитуркии раисиҷумҳури "демокрот"-и Амрикоро маҳкӯм карданд.

Дар чанд рӯзи гузашта, таҷаммуоти эътирозомези мутаъаддиде бо мушорикати Иттиҳодияи ҷавонони Туркия, Ҳизби ватан ва чандин ташаккули мадании дигар баргузор шудааст ва қобили пешбинӣ аст, ки ин эътирозҳо дар чанд рӯзи оянда низ идома ёбад. Иҷтимокунандагон зимни сардодани шиорҳои зиддиамрикоӣ, аз мақомҳои давлати Эрдуғон хостанд пойгоҳҳои низомии Амрико дар саросари Туркия, аз ҷумлаи пойгоҳи ҳавоии “Incirlik”-ро таътил кунад.

Мавзӯи таътилии пойгоҳҳои низомии Амрико ва созмони низомии НАТО дар Туркия мавзӯ ҷадиде нест. Аз замони рӯи кор омадан Раҷаб Тайиб Эрдуғон,, давлати Анкара борҳо Амрикоро ба таътилии пойгоҳҳои низомии ин кишвар дар арозии Туркия таҳдид кардааст. Аммо ин таҳдидҳо токунӯн ҳечгоҳ ба марҳалаи амал дарнаомадааст. Дар ҷараёни таҷаммуъи эътирозомези мардуми Туркия, Сардор Скоплӯ, муовини раҳбари Ҳизби ватан ва аз ҷумла коршиносон ва соҳибназарони умури сиёсӣ ва амниятии Туркия, дар суханоне эълом кард: "пойгоҳи “Incirlik”, нимқарн аст, ки табдил ба лонаи ҷосӯсӣ ва террор ва низ маркази фитна шудааст".

Ин коршиноси турк ҳамчунин тасреҳ кард: "ин марказ лонаи ҷараёни Фатуҳуллоҳ Гулен пойгоҳи ҳамла ба кишварҳои ғарби Осиё табдил шудааст. Ба ҳамин далел, нерӯҳои низомии Амрико бояд зарфи муддати 15 рӯз Туркияро тарк кунанд ва ин пойгоҳҳоро ба нерӯҳои Туркия вогузор кунанд".

Пойгоҳи ҳавоии “Incirlik”, як фурӯдгоҳи низомии мутаъаллиқ ба нерӯи ҳавоӣ дар ҷануби Туркия аст. Наздик ба 5 ҳазор хадамаи низомии нерӯи ҳавоии Амрико ва вобастагонаш дар он мустақар ҳастанд. Ҳамчунин гуфта мешавад, беш аз 50 бомби ҳастаӣ аз  авъи “B61” дар ин пойгоҳ истиқрор ёфтааст.

Ногуфта намонад, ки Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, даҳҳо пойгоҳи низомӣ дар шаҳрҳои мухталифи Туркия дар ихтиёр доранд, ки маъруфтарини онҳо пойгоҳи ҳавоии “Incirlik” аст. Бархе аз ин пойгоҳҳо таҳти кантроли созмони низомии НАТО аст ва бархе аз онҳо низ ба сӯрати мустақим тавассути низомиёни амрикоӣ идора мешавад. Бинобар бархе гузоришҳои мунташир шуда, созмони низомии НАТО 9 пойгоҳи низомӣ ва Амрико 10 пойгоҳи низомӣ дар Туркия доранд ва бархе аз гузоришҳо ҳокист, ки НАТО дар Туркия 28 пойгоҳи низомӣ дарихтиёр дорад, ки макон ва фаъолияти бархе аз онҳо маҳрамона ва макони бархе дигар мушаххас аст.

Дар гузоришҳои мунташир шудаи дигаре, тасреҳ шудааст, ки Амрико дорои 40 пойгоҳи низомӣ дар манотиқи мухталифи Туркия аст ба гӯнае, ки Туркия аз ҳар чаҳор тараф тавассути пойгоҳҳои низомии НАТО ва Амрико муҳосира шудааст. Бо тавваҷуҳ ба ҳузури низомии густардаи Амрико ва НАТО дар шаҳрҳои мухталифи Туркия, бояд гуфт, мақомҳои ин кишвар, ки ҳаразгоҳе ба манзури мустақилнамоӣ дар баробари қудратҳои минтақаӣ ва ҷаҳонӣ иқдом мекунанд, ба шиддат таҳти фишорҳои низомии давлатҳои бегона қарор доранд.

Коршиносон мегӯянд, дар сурате, ки давлатҳои ҳоким бар Анкара тавони таътилии пойгоҳҳои низомии Амрикоро низ ба даст оваранд, баъид аст, ки ба ин амр иқдом кунанд. Дар ҳақиқат, таътилии пойгоҳҳои низомии Ғарб дар Туркия, ба таваққуфи комили ҳамкориҳои ин кишвар бо давлатҳои ғарбӣ мунҷар хоҳад шуд.

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп