Май 10, 2021 09:16 Asia/Dushanbe
  • Инстаграм эълом кард, ҳисобҳои басташуда ба зудӣ боз мешаванд
    Инстаграм эълом кард, ҳисобҳои басташуда ба зудӣ боз мешаванд

Эътирози даҳҳо ҳазор корбари шабакаҳои иҷтимоӣ ба баста шудани ҳисобҳое, ки бо мардуми Фаластин ибрози ҳамдардӣ карда буданд, Инстаграмро водор ба вокуниш кард.

Шабакаи иҷтимоии Инстаграм рӯзи якшанбе дар паёме зимни ибрози таассуф аз баста шудани ин ҳисобҳо навишт: “Ин масъала ба далели ишколи фаннии саросарӣ дар Инстаграм рух дод, ки ба зудӣ бартараф хоҳад шуд”.  

Шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷумла Твиттер ва Инстаграм даҳҳо ҳисобро ба далели даъват ба ҳамбастагӣ бо сокинони минтақаи Шайх Ҷарроҳ дар Қудси ишғолӣ ва пушиши ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ баст.

Манобеи расонаӣ эълом карданд, ин ҳисобҳо дар Твиттер ба далели ба кор бурдани ҳаштаги “Шайх Ҷарроҳро наҷот диҳед” ба забонҳои арабӣ ва англисӣ масдуд шудаанд.

Муддатест, ки минтақаи Шайх Ҷарроҳ дар Қудси ишғолӣ шоҳиди даргириҳои шадиде миёни низомиёни саҳюнист ва шаҳрвандони фаластинии сокини ин минтақа аст, ки дар ин даргириҳо токунун даҳҳо фаластинӣ захмӣ шудаанд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп