Май 11, 2021 18:27 Asia/Dushanbe
  • Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ дар сафар ба Арабистон бо мақомҳои Саудӣ дар бораи танишзудоии Риёз ва Теҳрон гуфтугӯ кард
    Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ дар сафар ба Арабистон бо мақомҳои Саудӣ дар бораи танишзудоии Риёз ва Теҳрон гуфтугӯ кард

Вазири умури хориҷаи Покистон бо истиқбол аз талошҳо барои рафъи кудуратҳо миёни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Арабистон гуфт, роҳ барои танишзудоӣ кӯтоҳ нест, аммо Теҳрону Риёз ҳаракатро оғоз кардаанд.

Ба гузориши ИРНА, Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ бо ишора ба дидори худ бо Файсал бин Фарҳон, вазири умури хориҷаи Арабистон дар ҳошияи ройзаниҳои нахуствазири Покистон бо Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Саудӣ афзуд: «дар ин нишаст вазири хориҷаи Саудӣ мавзӯро таъйид ва Покистонро аз гомҳои Арабистон барои ройзанӣ бо Эрон огоҳ кард.»

Вазири умури хориҷаи Покистон афзуд, инъитофпазирии ду тараф дар музокирот бисёр мояи хурсандӣ аст ва Покистон эҳсос мекунад, ки орзӯяш барои тақвияти ваҳдати исломӣ бавижа рафъи кудуратҳо миёни Эрону Арабистон дар ҳоли амалӣ шудан аст.

Вай изҳор дошт: «фосила барои танишзудоӣ вуҷӯд дорад, аммо хушбахтона ҳаракат барои рафъи ин фосила оғоз шуда ва мо ба муваффақияти ин талошҳо умедворем.»

Имрон Хон, нахуствазири Покистон низ рӯзи 29 апрел аз суханони валиаҳди Саудӣ дар бораи тамоюли Риёз ба доштани равобити хуб бо Ҷумҳурии Исломии Эрон истиқбол кард.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп