Нигаронии вазири ҳиндӣ аз афзоиши ҷамъияти мусулмонон
Вазири саноати Ҳинд аз афзоиши ҷамъияти мусулмонон дар ин кишвар ибрози нигаронӣ кард.
Ба гузориши рӯзи сешанбеи хабаргузории байналмилалии "Қуръон" (ИКНА), Гири Раҷ Сингх бо ишора ба коҳиши ҷамъияти ҳиндуҳо дар ҳашт иёлати Ҳинд гуфт, ҳиндуҳо бояд масъалаи афзоиши ҷамъияти худро ҷиддӣ бигиранд.
Синг афзуд, ҷамъият мусулмонон дар Ҳинд аз 10 дарсад дар соли 1947 (соли истиқлоли Ҳинд) ба 24 дарсад расида дар ҳоле, ки ҷамъияти ҳиндуҳо дар ин муддат аз 90 дарсад ба 76 дарсад коҳиш ёфтааст.
Гири Раҷ Синг гуфт, ҷамъияти мусулмонон дар бархе манотиқи Ҳинд ба ҳадде расидааст, ки онон дигар ақаллият маҳсуб намешаванд.
Чанде пеш низ яке дигар аз мақомоти Ҳинд хостори афзоиши ҷамъияти ҳиндуҳо шуда буд.
Мусулмонон беш аз 180 миллион нафар аз ҷамъияти 1миллиарду 200 миллионии Ҳиндро ташкил медиҳанд ва Ҳинд пас аз Индонезия ва Покистон бештарин ҷамъияти мусулмонони ҷаҳонро дорад.