Қатли даҳ тан аз бузургони қавмии Афғонистон бадасти ДИИШ
https://parstoday.ir/tg/news/world-i6709-Қатли_даҳ_тан_аз_бузургони_қавмии_Афғонистон_бадасти_ДИИШ
Гурӯҳи террористии ДИИШ 10 тан аз бузургони қавмиро дар устони Нангарҳор дар шарқи Афғонистон ба қатл расонд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 25, 2016 14:42 Asia/Dushanbe
  • Қатли даҳ тан аз бузургони қавмии Афғонистон бадасти ДИИШ

Гурӯҳи террористии ДИИШ 10 тан аз бузургони қавмиро дар устони Нангарҳор дар шарқи Афғонистон ба қатл расонд.

Ба иттилои Ирно, гурӯҳи такфирии ДИИШ рӯзи гузашта ин афроди соҳибнуфузро дар шаҳристони Пчирогоми устони Нангарҳор дастгир кард ва ба қатл расонд.

Дар ҳамин ҳол Вазорати дифои Афғонистон, имрӯз сешанбе бо интишори баёнияе аз кушта шудани 16 диишӣ ва захмӣ шудани 42 тани дигар аз онон дар шаҳристонҳои Ачин ва Пчирогом хабар дод .

Бар асоси баёнияи Вазорати дифои Афғонистон, ин афрод дар ҳамалоти ҳавоии нерӯҳои артиш кушта шудаанд ва як араб низ дар миёни онҳост.

Бархе аз аъзои Шӯрои устонии Нангарҳор, ҳимояти созмонҳои иттилоотии кишварҳои хориҷӣ аз гурӯҳи террористии ДИИШ-ро далели таҳаррукоти дубораи аносури ин гурӯҳи такфирӣ дар ин устон медонанд .

ДИИШ дар манотиқи Ачин, Ҳаска Мина, Пчирогом ва коти устони Нангарҳор дар шарқи Афғонистон ҳузур дорад .