Фарёди ҳимоят аз Фаластин; Ин бор дар Аргентина+навор
Шуморе аз мардуми Аргентина дар эътироз ба ҷиноёти нерӯҳои режими саҳюнистӣ алайҳи мардуми Фаластин дар хиёбонҳои Буэнос-Айрес, пойтахти ин кишвар гирди ҳам омаданд.
Ба гузориши хабаргузории Эронпресс, тазоҳуроткунандагони аргентинӣ, аз ҷумла теъдоди зиёде аз аъзои ҷомеъаи мусулмонон ва ҷумбишҳои ҳамбастагӣ бо дар даст доштани парчами Фаластину дастнавиштаҳое мабнӣ бар маҳкӯмияти иқдомоти режими саҳюнистӣ дар рехтани хуни мардуми Фаластин, муқобили сафорати ин режим дар Аргентина таҷаммуъ карданд.
Муътаризони аргентинӣ бо сар додани шиорҳое, аз ҷумла «апартеид бас аст», «ишғолгарӣ кофист», «бориши бомб бар Ғазза кофӣ аст» ҳамбастагии худ бо миллати мазлӯми Фаластин ва нафрату инзиҷори худро аз режими террористи Исроил иброз карданд.
Адолфо Перес Эскивел, барандаи аргентинии Ҷоизаи сулҳи Нобел низ бо ҳузур дар ин маросим бо қироати баёнияе аз мардуму давлатҳои ҷаҳон хост то дар муқобили нақзи ҳамаи қавонини байналмилалӣ аз сӯи режими саҳюнистӣ иқдом кунанд.
Панҷшанбеи гузашта низ гурӯҳҳои аргентинӣ дар иқдоме мушобеҳ дар муқобили вазорати умури хориҷаи кишварашон таҷаммуъ карда ва ҳимояти давлат аз мардуми Фаластинро хостор шуданд.
Дар даври ҷадиди ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба Борикаи Ғазза, ки аз душанбеи ҳафтаи гузашта токунӯн идома дорад, дастикам 220 фаластинӣ, аз ҷумлаи 60 кӯдак шаҳид ва беш аз 5600 нафар низ захмӣ шудаанд.
Бештар бихонед:
- Корвони худрави тарафдорони Фаластин дар Гаагаи Ҳолланд+видео
- Ба по хостани лубнониҳо дар наздикии марзҳои Фаластин+видео
- Эъломи ҳамбастагии мардуми кишварҳои арабӣ бо ормони Фаластин дар рӯзи ҷаҳонии Қудс