Октябр 27, 2016 14:42 Asia/Dushanbe
  • Озмоиши системаи ягонаи дифои ҳавоии 7 кишвари узви Ҷомеаи ҳамсуд

Озмоиши фаъолият ва ҳамоҳанагии системаи ягонаи дифои ҳавоии 7 кишвари узви Ҷомеаи ҳамсуд, дар 130 маркази фармондеҳии ин нерӯҳо дар қаламрави Арманистон, Русия, Тоҷикистон, Узбакистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон оғоз шуд.

Ба гузориши сойти Интерфакс, равобити умумии идораи мухобироти Вазорати дифои Русия эълом кардааст, ки аз соати 8 субҳи рӯзи 26-уми октябри соли ҷорӣ ба таври ҳамзамон, озмоиши системаи падофанди ҳавоии 7 кишвари узви Ҷомеаи ҳамсуд оғоз гардид.

Дар ин озмоиш, мавзуи истифода аз таҷҳизот ва нерӯҳои системаи воҳиди падофанди ҳавоии 7 кишвари узви Ҷомеаи ҳамсуд, дар баробари нақзи ҳарими ҳавоии ин ҷумҳуриҳо, муқобила бо гурӯҳҳои ҷиноии ҳавопайморабо ва кумак ба халабонон ва хадамаи ҳавопаймоҳое, ки дар шароити изтирорӣ қарор гирифтаанд, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Бар асоси ин гузориш, дар ҷараёни ин озмоиш мушоҳида ва ҳадафгирии ҷангандаҳои душмани фарзӣ, дар қаламрави манотиқи шарқи Аврупо ва Осиёи Марказӣ низ тамрин шуд, ки бомбафканҳои роҳбурдии нерӯи ҳаво- фазоии Русия ин нақшро ифо кардаанд. Барои ҳамоҳангии ба мавқеъ дар ин озмоиш, беш аз 100 адад ҷангандаҳои шикории СУ 27, Миг 29 ва Миг 31, бомбафканҳои СУ 24, СУ 34, ҳавопаймоҳои роҳбурди Т 22, 95, 160, болгардҳои низомии 7 кишвар узви системаи воҳиди падофанди ҳавоии Ҷомеаи ҳамсуд мушорикат кардаанд.

Ҳамоҳангӣ ва мудирияти ин озмоиш, тавассути маркази фармондеҳии неруи ҳаво-фазоии Русия, мустақар дар устони Маскав анҷом шуд.