Май 31, 2021 13:41 Asia/Dushanbe

Амрикоиҳо ҳамзамон бо хориҷ шудан аз Афғонистон, ончи аз таҷҳизоти низомӣ ва ғайринизомии худ метавонанд бо худ мебаранд ва ончиро, ки наметавонанд ба равишҳои мухталиф хароб мекунанд ва ба қиммати оҳанпора дар бозорҳои Афғонистон мефурӯшанд.

Ин рӯзҳо бозорҳои атрофи пойгоҳҳои низомиёни амрикоӣ аз ҷумла дар шаҳристони Бигрому Қандаҳор, маҳали хариду фурӯши таҷҳизоти низомиёни амрикоӣ шудааст.

Ин таҷҳизотро амрикоиҳо чунон тахриб мекунанд, то дигар барои афғонҳо қобили истифода нашавад.