Июн 01, 2021 11:35 Asia/Dushanbe

Аксҳои зебое аз намоиши лазерӣ дар канори масҷиди Айё София, дар Истанбули Туркия ба муносибати солгарди фатҳи Константинопол ба дасти султон Муҳаммади Фотеҳ, дар фазои маҷозӣ мунташир шудааст.

Ба гузориши хабаргузории “Эрон Пресс”, ин макони таърихӣ 86 сол ба унвони музей мавриди боздиди гардишгарони хориҷӣ қарор дошт ва акнун чанд моҳе аст, пас аз ҳукми додгоҳе дар Туркия, дубора ба масҷид табдил шудааст.

Чанд моҳ қабл Раҷаб Тайиб Эрдуғон бо судури фармоне эълом кард: Айё София ба масҷид табдил мешавад ва дар пайи он барои аввалин бор дар 86 соли гузашта фаризаи намоз дар ин бино баргузор шуд.

Додгоҳи олии идории Туркия низ ҳукми соли 1934 мелодии ҳайати вазирони ин кишвар дар хусуси музей будани Айё Софияро ботил ва ба масҷид тағйир дод.

Айё София як бинои ҳунариву меъморӣ дар минтақаи Султон Аҳмад, воқеъ дар вурудии тангаи Босфор, дар Истанбул дар қарни шашум сохта шуд ва дар қарни понздаҳум, дар даврони империяи Усмонӣ ба масҷид табдил шуд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп