Июн 07, 2021 10:40 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи паҳподӣ ба пойгоҳи Айнуласад

Манобеи хабарӣ аз ҳамлаи ҷадиди паҳподӣ ба пойгоҳи Айнуласад дар устони Аланбори Ироқ хабар доданд.

Шабакаи арабизабони Аско Ниюз гузориш дод, ки пойгоҳи Айнуласад дар устони Аланбори Ироқи ҳадафи ҳамлаи ҳавоии ду фарванд паҳпод қарор гирифтааст.

Пойгоҳи хабарии Собирин Ниюз низ аз ҳамлаи паҳподӣ ба пойгоҳи Айнуласад хабар дод.

Идораи иттилоърасонии амниятии Ироқ бо тайиди ин ҳамла аз сарнагунии ду паҳпод аз сӯи сомонаи падофандии пойгоҳи Айнуласад хабар дод ва эълом кард: Сомонаи дифои ҳавоии пойгоҳи Айнуласад дар устони Аланбор имрӯз, ду паҳподро ҳадаф қарор дода ва сарнагун кард.

Пеш аз ин расонаҳои ироқӣ гузориш доданд, ки ожири хатар дар пойгоҳи айни Айнуласад ҳамзамон бо шиллики ракета ба наздикии маркази пуштибонии дипломатии Бағдод BDSC фаъол шудааст.

Як манбаи амниятии ироқӣ бидуни зикри номи худ эълом кард, ки вазъияти ҳушдори ҳаддиаксарӣ дар пойгоҳи Айнуласад шомили фаъол шудани ожирҳо ва ҳушдор барои омодагӣ ба манзури муқобила бо ҳамалоти мушакӣ ба иҷро даромадааст.

Бештар бихонед:

 

 

 

Барчасп