Лағви раводиди инфиродии Русия барои гурӯҳҳои гардишгарӣ
Сафири Эрон дар Русия эълом кард, ки мақомоти ду кишвар қасд доранд, тавофуқноме дар хусуси лағви раводиди фардӣ барои гурӯҳҳои туристӣ ба манзури суҳулати сафар ба Русия ва ҷумҳурии исломӣ имзо кунанд.
Ба гузориши Тасс, Козими Ҷалолӣ, сафири ҷумҳурии исломии Эрон дар Русия аз қасди мақомоти Теҳрону Маскав барои имзои тавофуқномаи марбут ба лағви раводиди фардӣ барои гурӯҳҳои туристӣ хабар дод.
Ҷалолӣ имрӯз дар саҳифаи Фейсбуки худ навишт: “Али Акбари Мунисиён, вазири гардишгарӣ, мероси фарҳангӣ ва саноеи дастии Эрон рӯзи душанбе дар ҷарёни сафари худ ба Маскав, тавофуқномаи марбут ба лағви раводиди фардӣ барои туристҳое, ки ба сурати гурӯҳӣ ба ҳар як аз ду кишвар сафар кунандро имзо хоҳад кард”.
Ба гуфтаи ин дипломат, бар асоси мафоди ин тавофуқнома, туристҳои эронӣ ва русӣ аз ин ба баъд метавонанд аз тариқи ширкатҳои муътабар ва ба сурати гурӯҳӣ ва бидуни ниёз ба ахзи раводиди фардӣ, ба ҳар як аз ду кишвар сафар кунанд.
Бештар бихонед: